Моҳи май мавсими корҳои полизӣ мебошад ва аксар вақт маҳз ҳангоми дар замин кор кардан фишори хуни одам баланд ё паст мешавад.
Якбора баланд шудани фишор метавонад боиси сар задани ҳодисаҳои нохуш аз қабили гирифтор шудан ба инфаркт ё инсулт гардад, бинобар ин, эҳтиёт шудан шарт ва зарур аст. Ин махсусан ба шахсоне далх дорад, ки дар ҳаёти рӯзмарра бо корҳои идоравӣ машғуланд ва дар зери кондитсионер дар ҳавои салқин нишаста кор мекунанд. Маъмулан вақте ки чунин одамони аз лиҳози ҷисмонӣ нозук бо корҳои деҳқонӣ машғул шуда, дар зери офтоби сӯзон меҳнат мекунанд, якбора ҳолашон бад шуда, сар чарх мезанад ё дилашон беҳузур шуда, таппиши дил зиёд мешавад.
Дар чунин ҳолатҳо ҳатман фишори хунро санҷида, чораҳои зарурӣ андешидан лозим аст.
Аксари одамон дар рӯзҳои гармо истифода бурдани малҳами аз офтоб муҳофизаткунандаро фаромӯш мекунанд, ки боиси сӯхтани пӯсти рӯй ва бадан гашта метавонад. Хоҳед, ки зебою ҷавон монед, дар моҳи май ҳатман аз малҳами аз офтоб муҳофизаткунанда истифода баред.