Аз дарс баромада, рост назди Амонатбонк омадам. Онҷо хеле серодам буд. Мехостам аз корти пластикии падарам маблағ гирифта, ягон хӯрока хараму ба аёдати модарам, ки дар беморхонаи шаҳрӣ хоб буд, хабаргирӣ равам.
Аммо издиҳоми навбатбудагон ташвиши маро зиёдтар кард. Акнун ёздаҳум одам навбат гирифта будам, ки аз қафоям духтараки ситорагарме навбат гирифта, худаш ба сояи назди дарахтони Амонатбонк рафта, аз офтоби сӯзони нисфирӯзӣ паноҳ шудан хост. Расо баъди ним соат навбатам омад, вале дар банкомат пул тамом шуд.
- Ако, пул тамом шуд?- ба чеҳраам нигариста, пурсид духтар, ки корташро дар даст нигоҳ медошт.
- Ҳа, пулаш тамом шуд, насиби гирифтан набудаст,- фаҳмондам ба ӯ.
- Дар ин наздикиҳо дигар аз Амонатбонк банкомат нест?- пурсид аз ман.
- Шояд бошад, намедонам,- гуфтам дар ҷавоб.
- Дар наздикии студияи телевизиони шаҳрӣ аст, аммо роҳаш анча дароз,- ба ҷои ман ҷавоб дод ҷавонзане, ки ӯ низ дар навбат буд.
- Ако, меравем пулҳоямонро аз онҷо гирем?- ба ман рӯ оварда, пурсид духтар.
- Модоме, ки хоҳиш мекунӣ, чаро ҳамроҳат наравам, майлаш меравем,- аз пешниҳоди ӯ хурсанд шудам.
Тамоми роҳ хомӯш мерафтем.
- Ако, ту бинои студияи шаҳриро медонӣ?- пурсид ногаҳон духтар.
- Як маротиба аз онҷо стипендияи худро гирифта будам. Лекин аз рӯи шунидам онҷо ҳама вақт автоматаш пул дорад,- гуфтам ва ҳамин тавр суҳбаткунон то назди ҳайкали Сомонӣ омадем.
- Чаро ягон ҳарф намезанӣ?- аз хомӯшии ман рамуз гирифта, пурсид духтар.
- Ҳеҷ, ҳоло ҳушу ёдам ба модари беморам аст, дар Қарияи Боло дар бистари беморӣ аст, бояд рафта, ӯро ҳарчӣ зудтар хабар гирам,- фаҳмондам ба хамсафарам.
- Бемордорӣ душвор аст, Худованд касеро бемор накунад,- маро тасалло дода гуфт духтар. Ҳамин тавр суҳбаткунон то назди бинои студияи телевизиони шаҳрӣ расидем. Хушбахтона дар касса пул будааст. Аввал духтар ва баъдан ман пули кортамро гирифтам. Духтар аз чӣ бошад, ба ман сахт таваҷҷуҳ мекард.
- Акнун маблағи пулиатро гирифта, аз ман мегурезӣ?- табассумкунон гуфт ба ман.
- Агар хоҳӣ, якҷоя ба хабаргирии модари ман меравем,- нимшӯхию нимҷиддӣ табассумкунон гуфтам ба ӯ.
- Не, маро модарат бинад, чӣ фикр мекунад, беҳтараш худат танҳо рав! Лекин аз шиносоӣ бо ту барин йигит хурсанд шудам, номам Барно, агар хоҳӣ, рақами телефонамро барои суҳбат кардан медиҳам, ба шарте аз янгаам натарсӣ?- хандида гуфт.
- Ҳоло ман студентам, оиладор нашудаам,- гуфтам дар посух.
- Ман бошам, як бор оиладор шуда, бахт надидам, аз шавҳарам чудо шудам,- оҳи сабуке кашида, гуфт Барно.
- Шавҳари хуб набудааст, чунин духтари хушрӯйро сар додааст,- рақами телефони ӯро гирифта гуфтам.
Барно бо ман дар гардиши бозор хайрухуш карда рафт. Ман аз дунболаш хеле нигоҳ карда, ба бозори шаҳрӣ омадам.
“Ҳаёт аҷиб аст. Яке дар орзуи хонадоршавӣ асту дигаре хонавайрону дар ҷустуҷӯи бахти дуюм аст. Ба беморхона меомадаму суханони Барно дар гӯшам садо медоданд. Духтари хуб, бомаърифату ботамкин, бо суҳбатҳои ширинаш тез ба дил роҳ меёбад. Маълум, ки ба дасти ягон нокас афтида, хонавайрон шудааст” андеша мекардам дар дил. Қарор додам, ки шаб занг зада, бо ӯ суҳбат мекунам.
Баъди он ки бо Барно хайрухуш кардам, аз бозори шаҳрӣ камтар савғотӣ харида, ба аёдати модарам омадам. Модар маро дида, хеле хурсанд шуд.
Давом дорад