Gazrpom april 2025
Бахти баргардони Сурайё Бахтиёрӣ
13.04.2025
Oila.tj
1072

На ҳама таърихи ишқи шоҳон ба қиссаҳои “Ҳазору як шаб” монанданд. Шаҳбону Сурайё бахти худро дар қасри шоҳи Эрон ҳамин тавр наёфт, ҳарчанд, шоҳ ӯро аз ҳад зиёд дӯст медошт! Дар ҳаққи шаҳбону Сурайё ҳатто дар ғарб соли 2003 бо номи “Сурайё” филм ҳам бардошта буданд.

Сурайё Исфандиёрӣ – Бахтиёрӣ дар оилаи ашрофони эронӣ ва олмонӣ ба дунё омадааст. Волидони духтарча дар Берлин бо ҳам шинос шуда буданд, ҳангоме, ки падари Сурайё ба таҳсил рафта буд. Он замон ҳарду ҷавон буданду ӯ 22 сола буду модари ояндааш ҳамагӣ 16 сола. Ҳарчанд, ки духтар олмонӣ буд, ин монеа ба оиладоршавии онҳо нагашта, онҳо дар давлати Форс, ки пештар Эрон чунин номида мешуд, омада, дар Исфаҳон оиладор шуданду Сурайё дар ҳамин шаҳр таваллуд шуд.

Овони тифлии духтарча хеле хушбахтона мегузашт. Тавре ёрдамчии шоҳ нависта буд: “Сурайёи кучак тифли машҳур дар Исфаҳон буд, зеро хеле қашангу дилрабо буд. Олмониҳо дар давлати мо хеле эҳтиром доштанд, ва хуни форсии бахтиёриҳову олмонӣ чунин духтараки соҳибҷамолро ба вуҷуд овард.” Тифлии Сурайё орому осуда бошанд ҳам, давраи наврасиву ҷавонии ӯ куллан дигаргун гашт. Дар мактабе, ки ӯ таҳсил мекард, аз шаҳбонуи ояндаи хурдак ҷиддияту бодиққатӣ ва азёдкуниву талқинро талаб мекард. Ин ҳама барои гирифтани маълумот ва донишандӯзӣ буда, худи Сурайё инро хуб дарк мекард. Пас аз мактаби форсӣ, пансионати занона дар Сюрих таълимгоҳи ӯ гардид. Инҷо донишҷӯйён аз тамоми ҷаҳон: Италия, Индонезия, Америкаи ҷанубӣ, Юнон, Испания ва ғайра ба таҳсил меомаданд, то дар оянда, бонувони ҷомеаи ашрофӣ гашта, ба ҳамсаршавӣ омода мешуданд. Инҷо онҳоро одобу рафтор, хубгуфторӣ, рақсу хӯрокпазӣ, дарки санъати меъморӣ, мусаввирӣ, дарки сиёсат, диншиносӣ меомӯзонданд. Инчунин, доир ба фарқиятҳои давлатҳо, урфу одат, сиёсату муносибати байни онҳо муколамаву мубоҳисаҳо мегузаронданд. Мо дар бораи сиёсат гап зада, ба ороиши худ давом медодем, қисса мекунад, Сурайё.

Симои зебои Сурвйё бо чашмони нилгуну лабони майгун, мӯйҳои марғулаи мушкин ӯро ба ситораи ҷаҳонии онвақта – Элизабет Тейлор монанд карда буд. Ҳатто, замоне ӯ фикри ҳунарманди кино шуданро дошт. Аммо тақдире, ки ӯро интизор буд, ба ин кор роҳ дода наметавонист, зеро ӯ ашрофзода буду бояд ҳамсари ягон ашрофзодаи дигар мешуд. Баъдан, волидони Сурайё ӯро барои давоми таҳсил ба Лондон фиристоданд, ки онҷо вай бо шаҳбону Шамс – хоҳари Шоҳи Эрон Муҳаммад Ризо Паҳлавӣ шиносоӣ пайдо кард.

Охири солҳои 1940-ум шоҳи Эрон аз сабаби таваллуд накардани вориси тахти шоҳӣ бо ҳамсари якуми худ ҷудо шуда буд. Албатта, худи шоҳ ва атрофиёни ӯ барои ёфтани шаҳбонуи нав чора меандешиданд. Ҳангоме, ки шаҳбону Шамс Сурайёро вохӯрд, дарк кард, ки ин соҳибҷамол лоиқи шаҳи Эрон – бародари вай аст. Дар муддати кӯтоҳ сурати Сурайё ба дасти Муҳаммад расидан замон, ӯ талаб кард, ки ин духтари зеборо ба дарбор биёранд. Агарчи падару модари Сурайё орзуи домоди мувофиқ буданд, аммо ҳеҷ гумон намекарданд, ки худи шоҳ ба ӯ хостгор мешавад. Дере нагузашта, Сурайё ва волидонаш бо даъвати расмии дарбор ба Теҳрон омаданд. Шаҳбону Шамс, ки нисбати Сурайё муҳаббату дилгармӣ дошт, шахсан барои омода шудани ӯ бо шоҳ хеле кӯмаку дастгирӣ карда, дар интихоби пероҳану ороишот маслиҳатҳои муфид медод. Аз ин ҷост, ки ба дарбор ворид шудан замон, аз Сурайё чашм кандан ғайриимкон буд! Ӯ бо оилаи шоҳ – модари шоҳ ва хоҳаронаш шинос шуд. Дере нагузашта, ба толор худи шоҳ ҳозир гашт.

- Ҳамагӣ аз ҷой бархостанд,- нақл мекунад худи Сурайё.– Дар пеши ман шоҳ бо либосу афзоли генералии артиши эронӣ меистод. Ӯ ба ман таассуроти калон гузошт, ман ӯро олиҷаноб ва бошукӯҳ дарёфтам. Ман ба ӯ мафтун гаштам. Ӯ тасхиркунанда буд!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД