arzon replenishment
БАХТДУЗД
29.01.2021
ОИЛА
6102


Ҳар гоҳе, ки садои мусиқии ошиқона ба гӯшам мерасад, ғаму андӯҳам дучанд зиёд мешавад. Оташи дар қалбам аланга мезанад, тамоми вуҷудамро мефишорад. Ману Шаҳзод аз синни 18 солагӣ роз мегуфтем, вале аз ишқи мо касе хабардор набуд. Ҳар рӯз ман барои об ба лаби чашма мерафтам. Шаҳзод маро дар роҳ интизор мешуд ва мо сӯҳбаткунон ба лаби чашма мерафтем. Шаҳзод сатилҳоямро то паноҳ шудани хонаамон меовард, маро бӯсида, хайр ҷонакам, то пагоҳ мегуфту мерафт.

Ишқи моро норозигии волидонам-хостгории ӯро қабул накарданашон хазон намуд. Пас аз як моҳи хостгории Шаҳзод ҳамсинфи Шаҳзод бароям хостгор фиристод. Хостгорҳои Ғафур волидайнамро розӣ кунонданд. Дар байни як моҳ рӯзи тӯйро қарор доданд. Шаҳзод аз ин ҳодиса хабардор шуда, ба наздам омад. Ба чашмонаш нигаристам, ашки дардолуде ҳувайдо буд дар дидагонаш. Гуфт: -Эй ҷони азиз! Охир бе ту дунё дар назарам тамоман вайрон аст, зиндагӣ маъное надорад. Ман намехоҳам туро ба дигаре диҳам, Биё ягон ҷои дур меравему зиндагӣ оғоз мекунем.

Шаҳзод ҳарчанд зорӣ кард, ба суханаш сар нафуровардам. Дар рӯзи тӯй ҳама хешу таборон ҷамъ омаданд. Шаҳзод дар даст табар ҳезум майда мекард. Ин дам падари Шаҳзод низ аз дар даромаду бо падарам салому алек карда, бо лаби хандон гуфт: - Ина, духтарат ҳам дар байни як моҳкалон шуд. Падарам шармида ҷавоб дод: Аз тақдир гурехта намешавад. Падари Шаҳзод афзуд: - О, Шаҳзоди мо аз кӣ кам? Хайр, инаш нашуд, хоҳарашро келин мекунам!
Шаҳзод бо чашмони пурашк ҳезум майда карда, мекашонд. Ҳарду маслиҳатро дар як дам пухтанду тӯйи ману фотиҳатӯйи хоҳарам бо Шаҳзод дар як рӯз баргузор гашт. Бадбахтона зиндагии ман он қадар ширин набуд. Худро чун булбули дар қафас ҳис мекардам. Ғафурро ба ҷои Шаҳзод медидам, гумон мекардам дар оғӯши Шаҳзодам, вале…

Ғафур доимо маст меомаду бо ман, ки арӯсаки нав будам, рафтори дурушт мекард. Зиндагии мо дер давом накард. Дар муддати як моҳ ҷудо шудем. Ба хона омадам . Тӯи хоҳарам бо Шаҳзод баргузор мегашт. Хоҳарамро дар бари Шаҳзод дида, гумон кардам, ки ба дилам ханҷар мезананд. Ранг аз рӯ, ҳуш аз сарам парид. Сирри худро ниҳон намуда, бо табассуми сохта хоҳарамро табрик гуфтам.
Шаҳзод хост, ки ман зани дуюмаш шавам, аммо розӣ нашудам. Намехоҳам зиндагии хоҳарамро талх созам, ҳарчанд бахти маро гирифтанд.
Шоҳона

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД