Sebiston new 2024 october
Бахт аз мотамхона (қисми 3)
2122

-Рухшона писаракашро ба дунё оварда, худаш аз олам гузашт. Як ҳафта боз як хоҳари шафқати мо бо хоҳиши ҳамсараш ба хонааш рафта, кӯдакашро нигоҳубин мекунад, вале шавҳараш сахт рашк мекунад. Агар ба тифли хурдсол нигоҳубин карда тавонӣ, ман туро он ҷо мефиристам. Нишона аз марги Рухшонаи нозанин зор-зор мегирист ва ба ҷон розӣ шуд, ки ба кӯдаки ӯ доя шавад. Пас аз ним соат мошини қимматбаҳои хориҷие омада, Нишонаро ба хонаи Рухшона бурд…

                          Бӯйи биҳишт

Мошин хеле роҳ рафту дар як боғистони зебои канори шаҳр истод, дарвозаи нақшин ба таври худкор кушода шуду мошин, ки дар сари чамбарак як ҷавони ҷиддӣ менишаст, вориди ҳавлӣ гашт. Зебоии ҳавлиро тасвир карда намешавад, ҳавлии бошукӯҳи хусураш пеши ин шаҳомат нол буд. Ду зан ӯро назди дари даромадгоҳ пешвоз гирифта, ба ҳуҷраи кӯдак бурданд, кӯдак дар катчаи зебои сап-сафед мисли фариштачае буд, вале беист ғаш мекард. Зани пире, ки дар пешаш пешбандаки сафед баста шуда буд гуфт:

-Ана ин Амирҷони мо,- ва оби чашмашро бо нӯги рӯймоли сафедаш тоза кард. Нишона иҷозат хоста, вориди ҳаммом шуд ва дасту рӯяшро шӯста, рӯймолашро ба пешонияш маҳкам баст. Баъдан кӯдакро ба бағал гирифта, бо меҳр аз пешонааш бӯсид. Амирҷон лаҳзае хомӯш гашт ва сарашро ба синаҳои баланди Нишона монда, гӯё дар гавҳари ноз бошад, хобаш бурд. Дар ду соати хоб будани кӯдак Нишона ӯро ба катчааш нагузошт, оби чашмаш рӯяшро мешуст, аз бӯйи биҳиштии кӯдаки дугонаи ормонияш бӯйи тифлаки дар ким куҷоҳо хоби худаш меомад. Тифлак бедор шуд, хеле ором буд, дар лабонаш табассуми зебое мавҷ мезад. Сайбӣ –хола ошпази хонадони Рухшона аз ин хурсанд шуда, хӯроки дояи муъҷизакорро ба ҳамин хона овард ва баъд аз чанде Амин Амир, шавҳари Рухшона омада, хоҳиши бо дояи писараш сӯҳбат намуданро кард.

Амин ҷавони қоматбаланди хеле зебои боғурур ва боодоб аввал салом доду баъд гуфт, ки агар писарашро хуб нигоҳубин кунад, Нишонаро ризо хоҳад кард. Нишона дар навбати худ ваъда дод, ки то метавонад дар тарбияи Амир саҳм мегирад, зеро дар тӯли шиносоии кӯтоҳе, ки бо Рухшона доштанд, ӯро хеле дӯст дошта буд.

                             Ишқ аз мотамкада

Холаи Сайбӣ баъдҳо бо Нишона хеле дӯст шуду қиссаи зиндагии Рухшона ва Амирро барояш нақл кард. Амир дар хонаи бачаҳо ба воя расида хешу таборе надоштааст, дар донишгоҳ бо духтари профессор Рухшона шинос мешавад. Падару модари Рухшона, ки аз эшонзодаҳо будаанд, ба Амини ба қавли худашон бе аслу насаб духтарашонро додан намехоҳанд. Рухшона бе иҷозати волидон ба Амин мерасад, Амин дар як муддати кӯтоҳ ба як тоҷири сарватманду дорову накӯкор мубаддал шуда бошад ҳам, хешони Рухшона аз онҳо буриданд. Волидони сангдил ӯро дуои мо гирифт гӯён, ҳатто ба ҷанозаи духтарашон наомаданд. Нишона фаҳмид, ки Амину писараш ҳамқисмати ӯ будаанд, ба онҳо бештар моил шуд, хӯҷаинашро мисли бародараш дӯст медошт. Дар муддати шаш моҳи доягии Нишона Амирҷон орому фарбеҳаку ширинрӯ шуд. Баъди се рӯзи нигоҳубини Амирҷон шири гумшудаи Нишона пайдо шуду ӯ бо иҷозати Амин ба писарак шир медод. Амир ягона дилхушии ин марди сарватманд буд, ӯ тамоми вақти холигияшро бо писараш мегузаронид, ҳатто уребчаҳояшро иваз мекард. Нишона ҳам дар ин муҳити ороми биҳиштосо рӯз аз рӯз мешукуфту зебо мешуд, дар сесолагии Амирҷон Амин ба Нишона хонаи сеҳуҷрадор ва дар панҷсолагияш бошад, мошин тақдим кард. Нишона Амирҷонро, ки ӯро аяҷон мегуфт, бо мошин ба боғча ва маконҳои дилхушӣ мебурд. Дар бисёр мавридҳо Амин онҳоро ҳамроҳӣ мекард ва ҳамин тавр, ин марди дар зиндагӣ шикастҳои зиёд дида бо ин зани соҳибҷамоли акнун дар мавқеи худаш устувор ошиқ шуд.

Оқибат Амин бо Нишона хонадор шуданд, аз тарафи Нишона холаи Гулбаҳор, писарашу келинаш иштирок доштанд. Тӯйи онҳо дар яке аз тарабхонаҳои беҳтарин баргузор гашт, байни домоду арӯс рамзи хушбахтии эшон Амирҷони хубрӯ менишаст…

         Хуб аст, ки ҳама қиссаҳои талх анҷоми ширин дошта бошанд.

                                                                       

        

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Мухлис 2023-10-03, 22:00
Хохари исломи вакте ки худат сахтихои зиндагиро дидаи ба ятимон кумак кун ятимии худатро фаромуш накун.худованд имтихонат мекунад хохи ки то охири умр ба рохат боши аз холи бечорагону ятимон гофил машав.ва худоро фаромуш накун намоз бихон то худованд давлату сарвататро зиёд гардонад.
Посух
Евони 2023-10-04, 00:44
Рухсорачон кошки ин хикояи афсонамонандут рост мебуд. Неки дар Точикистони худмон итари дару хонара факат одамхои Боло доранд. У сагираи бесохиб Аминчон як магазинча медошт агар, боз ягон Дангарачи ура кашида мегирифт. Хайр ба хар хол охири хар афсона бояд ба хурсанди анчом ебад, албатта, дар шумули афсонаи шумо. Ташаккур.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Мухлис 2023-10-03, 22:00
Хохари исломи вакте ки худат сахтихои зиндагиро дидаи ба ятимон кумак кун ятимии худатро фаромуш накун.худованд имтихонат мекунад хохи ки то охири умр ба рохат боши аз холи бечорагону ятимон гофил машав.ва худоро фаромуш накун намоз бихон то худованд давлату сарвататро зиёд гардонад.
Посух
Евони 2023-10-04, 00:44
Рухсорачон кошки ин хикояи афсонамонандут рост мебуд. Неки дар Точикистони худмон итари дару хонара факат одамхои Боло доранд. У сагираи бесохиб Аминчон як магазинча медошт агар, боз ягон Дангарачи ура кашида мегирифт. Хайр ба хар хол охири хар афсона бояд ба хурсанди анчом ебад, албатта, дар шумули афсонаи шумо. Ташаккур.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД