Cокинони кишвар бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ се рӯз пайиҳам - 7, 8 ва 9-уми сентябр истироҳат мекунанд. Рӯзи шанбе, 6-уми сентябр рӯзи корӣ хоҳад буд.
Бино ба иттилои Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, бо мақсади истифодаи оқилонаи рӯзҳои корӣ, шанбе - 6-уми сентябр рӯзи корӣ ва душанбе - 8-уми сентябр рӯзи истироҳат эълон шудааст.
Дар Тоҷикистон 9-уми сентябр Рӯзи Истиқлоли давлатӣ буда, ба идҳои асосии кишвар шомил мешавад. Ин рӯз расман истироҳат аст.
Ёдовар мешавем, ки имсол дар Тоҷикистон 34-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.