Sebiston new 2024 october
Бахши молиявӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
1396

 

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад ҳайати Бонки Ҷаҳониро, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтааст.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, зимни мулоқоти ҷонибҳо марҳилаи дуюми “Барномаи тақвият бахшидани бахши молиявӣ ва рушди бахши хусусӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.

- Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ба Бонки Ҷаҳонӣ барои ҳамкориҳои бисёрсола ва дастгирии пайвастаи лоиҳаҳое, ки ба таҳкими бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд, арзи сипос намуда, иброз дошт, ки айни замон Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ дар доираи се лоиҳа, аз ҷумла “Асосҳои рақамии Тоҷикистон”, “Устувории низоми молиявӣ ва таҳкими бахши хусусӣ” ва марҳилаи дуюми “Барнома оид ба таҳкими бахши молиявии Тоҷикистон” ҳамкориро идома дода истодааст,- меафзояд манбаъ.

Фирдавс Толибзода саҳми Бонки Ҷаҳониро дар татбиқи муваффақонаи кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати нигоҳ доштани суботи иқтисодӣ ва молиявӣ дар кишвар назаррас арзёбӣ намуда, ёдовар шудааст, ки дар доираи Барномаи дастгирии техникии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба устувории бахши молиявӣ, ки аз ҷониби SECO маблағгузорӣ мешавад, Бонки миллии Тоҷикистон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.

Коршиноси калони бахши молияи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҷаноби Пиетро Каличе дар навбати худ аз натиҷаҳои бадастовардаи бахши молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус низоми бонкӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии Бонки Ҷаҳониро барои ҳамкории судманд иброз доштааст.

- Дар идомаи вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба як қатор масъалаҳои мавриди назар, аз ҷумла маблағгузории иқтисоди сабз, хавфҳои тағйирёбии иқлим, дастгирии имкониятҳои рушди устувори бозори суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, татбиқи Стратегияи фарогирии молиявӣ, нигаҳдории суботи макроиқтисодӣ, афзун намудани пардохтҳои ғайринақдӣ, таъмини устувории низоми пардохт, узвияти Бонки миллии Тоҷикистон ба Шабакаи бонкдорӣ ва маблағгузории устувор (“SBFN”), рушди бозори коғазҳои қиматнок ва барориши вомбаргҳои сабз, кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ ва ғайра мубодилаи афкор намуданд,- зикр мекунад шуъбаи матбуоти БМТ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД