Arzon march 2024
Бакали пиво қариб сарамро мехӯрд
6066


Айнагул зодаи кишвари Қазоқистон буда, 28 сол дорад. Духтарчааш ба қарибӣ 10 - солагиро пур мекунад. Аз сабаби муноқишаҳои зиёди оилавӣ, рашки аз ҳад зиёди беасос, сархушии пайваста ва латукӯби бераҳмона Айнагул соли 2018 ба хулосае омад, ки дигар бо шавҳараш якҷо зиндагӣ накунад ва ҳамин тавр ҳам кард. Инак, 2 сол боз онҳо аз ҳамдигар ҷудо умр ба сар мебаранд.

Рӯзи 13 март Айнагул дар кор буд. Ӯ дар як қаҳвахона – мағоза ба ҳайси бармен кор мекард. Шом шавҳари собиқаш Сакен ба ҷои кораш омад. Ӯ дар назди Айнагул нишаста, ду истакон оби ҷав фармоиш дод. Вале бо ин қонеъ нашуда, пур кардани истакони сеюмро фармоиш медиҳад. Айнагул талаб менамояд, ки пеш аз фармоиш аввал пули ду истакон оби хӯрдаашро пардохт кунад. Мард дағалона мегӯяд, ки “Ин ҳама хароҷотҳо аз ҳисоби кисаи роҳбари туст”.
Миёни оҳо задухӯрди лафзӣ ба миён меояд. Зан аз рехтани оби ҷав даст мекашид, аммо мард қаҳвахонаро такр кардан намехоҳад. Вақте соат яки шаб шуд., ҳамаи муштариён мераванд. Мард боз ба пурсидани як истакон оби ҷав шурӯъ мекунад, аммо аз зан такроран ҷавоби рад мегирад. “Баъд аз ин ӯ ба куҷое баромад, аммо пас аз даҳ дақиқа дубора баргашт ва ба миз такя карда, бо чашмони даҳшатбор ба ман нигарист. Ман аз ин тарсидам ва фаҳмидам, ки ҳамин ҳозир бо ман чӣ коре карданист”, - нақл мекунад зан. “Мард дари қаҳвахонаро шикаста, дохили ҳуҷрае гардид, ки ман менишастам. Вақте ӯро дидам, гурехта ба ҳуҷраи дигар гузаштам.


Чаро Фарҳод зинда рафту мурдаашро оварданд?


Он ҷо марде оби ҷав мехӯрд. Аз ӯ кӯмак хостам, вале мард аз ҷояш хесту чизе нагуфта рафт”. Сакен вақте Айнагулро танҳо дид, бе ҳеҷ сухан зери лату кӯб қарор дод. Дилаш тар нашуда, занашро ба замин хобонду ба болояш баромад. Баъд аз ин ба рӯяш заданро сар кард. Вақте мезад ҳатто намефаҳмид, ки бо чӣ зада истодааст. Мард аз сархушии зи ёд фикр мекард занашро бо мушт зада истодааст, вале дид, ки дар даст корд рухсораҳои собиқ занашро бурида истодааст.
Зан рӯи худро аз зарбаҳои шавҳараш пӯшид. Мард рӯи пинҳони ӯро дида, таҳдидомез гуфт, ки вайро мекушад. “Вақте аз ман набошӣ, аз каси дигаре ҳам нахоҳӣ шуд”, - гуфт шавҳари собиқаш. Ҳадафи ӯ духтарчаро ҳам бо худ гирифтан буд.
Вақте Айнагул дид, ки бо зӯрӣ намешавад, ба зорӣ гузашт. Ӯ аз шавҳараш хост, ки ақаллан ба хотири духтарчаашон заданро бас кунад. “Вақте духтарам “Очаам куҷо шуд?”, - гуфта мепурсад, чӣ ҷавоб медиҳӣ?” Баъди ин савол Сакин якбора бедор шуд ва заданро бас кард.


Кош намезодиам, оча!


Баъди ин Айнагул аз зери дасти шавҳари собиқаш Сакини бадмаст халос шуда, ба ҳоҷатхона рафт, то афту башараашро ба тартиб дарорад. Вақте худашро дар оина дид, ба тарс афтод. Ҳама ҷойи чеҳрааш буридагӣ буду чашмҳояш аз зӯрии дард қариб кушода намешуданд. Хун аз ду бари рӯяш мисли дарё мерехт. “Рӯямро бо дастонам махкам доштам, аммо аз сабаби оне, ки дастҳоям ҳам ҳам буридагӣ буданд, аз ҳуш рафтам”, - гуфт зан.

Сакин худаш ёрии таъҷилиро даъват кард. Дар суҳбат бо полис ӯ гуфт, ки ба зан шахсони номаълум ҳамла карда рафтанд. Ӯ худашро муштарии қаҳвахонаи онҳо муаррифӣ кард. Хушбахтона, ёрии таъҷилӣ сари вақт ҳозир шуд. Ба гуфти табибон онҳо хунро нигоҳ дошта натавонистанд, зеро корд хеле чуқур бурида буд. Айнагулро оҷилан ба духтурхона бурданд. Ҷароҳии ӯ қариб се соат давом кард.
Полис фақат баъди чанд соат ҳозири ҳуҷра шуду ба пурсуков шурӯъ кард. “Шумо аризаи шикоятӣ медиҳед?”, пурсид полис. Айнагул ҳама ҳодисаи шударо нақл кард. Сакенро дастгир карданд, аммо ӯ танҳо се рӯз дар паси панҷара нишасту озод шуд. Дар ин муддат гӯё дар ҳабси хонагӣ қарор дошт. Айнагули ҷавон бо захмҳои издору ҷароҳатҳои чеҳра ва сару рӯйи докапеч ба берун баромада наметавонад. баъди ин ҳодиса ӯро аз кор низ пеш карданд. Ин зани ҷабрдида акнун дар чорроҳаи ҳаёт ҳайрон мондаат. Аз як тараф озодии шавҳарашу таҳдидҳои доимии ӯ, аз тарафи дигар бекорӣ ва охирон таъмину таълими духтарчааш дар ҳаёти косаи сабри ӯро лабрез намудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД