Дар давоми соли 2022 яке аз масъалаи нигаронкунанда дар кишвар ин бо роҳи шантаж (иръоб) аз занону духтар пул талаб кардани иддае аз мардҳову ҷавонон гашта буд.
Ин гуна амалҳо на танҳо сабабгори беобрӯйкунии занону духтарон, балки то ба худкушӣ расонидани баъзеи онҳо гардида истодааст.
Масалан, чанде пеш Раҳима Каримова 21-сола донишҷӯйи соли чоруми донишгоҳи иктишофӣ-геологии Маскав 9 декабр худро ба зери қатора партофта худкушӣ кард.
Сабаби канда шудани риштаи умри Раҳима аз номи ӯ боз кардани саҳифа дар шабакаи Инстаграм ва ба фотошоп кардани акси ӯ буд, ки сабабгори бадномияш гардид. Ин амалро дар сомонаҳо қасосгирӣ арзёбӣ карданд, ки гӯё ҷавоне ки ба Раҳима хостгор фиристод ва ҷавоби радро гирифт, душманӣ кардааст.
Сабаби зиёд шудани шантаж дар фазои маҷозӣ аксаран бо мақсадҳои тамаъҷӯӣ ва ба даст овардани пули бедардимиён амалӣ мегардад. Раҳимаро бо мақсади қасос гирифтан бадном карданд. Ҳодисаи дигаре, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бошад Ғайратҷон Рӯзиматов баъди аксу наворҳои маъшуқаашро ба даст овардан аз ӯ 50 ҳазор сомонӣ талаб карда гуфта буд, ки агар надиҳад дар интернет гузошта беобрӯяш мекунад... Хулоса яке қасосгирӣ, дуюмӣ пулситонӣ...
Ҳодиса ба сари кормандони “Ҳодиса ТВ”
Аммо 22 декабр кормандони шуъбаи корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ду блогер, сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро боздоштд карданд, ки на бо мақсади фоидаи молӣ ё хусумати шахсию қасосгирӣ, балки дунболи “лайк, просмотр” даст ба бадномкунии духтарон тариқи сомонаи Инстаграм задаанд. Тавре дар гузориши Акпар Шарифӣ, котиби матбуотии РВКД ҶТ дар вилояти Суғд омадааст, “блогерон” аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар шабакаи Инстаграм канале бо номи “Ҳодиса ТВ” кушода, барои ба даст овардани “лайк” ва зиёд кардани бинандаи худ маводҳои шаҳвонӣ ё порнографиро ҷой мекардаанд.
Ин “блогерҳо” аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Абдуллоев Амрохони 23-сола ва Фозилов Рустами 22-сола аксҳои шаҳрвандонро аз саҳифаҳояшон гирфита дар шабакаи Инстаграм нашр мекарданд.
Номбурдагон ин амалро ба хотири зиёд кардани бинандаи шабкаи худ амалӣ карда, обруву эҳтибор, шаъну шарфаи духтарони тоҷики худ як сари муй нааандешидаанд.
Ҳарду “блогер” дар ин гузориш аз кирдори худ изҳори пушаймонӣ карда, эътироф карданд, ки ҳадафашон аз паҳн кардани маводи порнографӣ ҷамъ овардани тамошобину лайки зиёд буд.
Айни ҳол барои ин амали бадномкунандаи худ ҳарду ба муҳлати 10 шабонурӯзӣ аз озодӣ маҳрум шудаанд.