arzon replenishment
Бадмастии падар сари Фотимаву Зуҳроро хӯрд
15.04.2020
Oila.tj
6594

 

Фотеҳ ва Ҳангома ҳамдигарро дӯст дошта, бо ишқу муҳаббат оила барпо намуданд ва баъди ду соли зиндагияшон якбора соҳиби ду тифлаки зебо гаштанд. Тавлиди дугоник хушбахтии бузург аст, вале ба ҷойи Худоро шукр гуфтан, рафтори шавҳари Ҳангома баъди ба дунё омадани Фотима ва Зуҳро якбора дигар шуд.

Вай дар шаҳр кор ёфта, бо баҳонаи дурии роҳ дер-дер ба аёдати зану фарзандонаш меомад. Пул ӯро чунон бардошта буд, ки биниаш осмонро мехарошид. Фарзандонаш сесола шуда бошанд ҳам, Фотеҳро парвои онҳо набуд, мудом кораш тарабхона ба тарабхона гаштану арӯсбозӣ кардан буд. Фотеҳ «ба хориҷа командировка меравам» гӯён, мисли шаҳбачаҳо шиму костюмҳои зеборо пӯшида, баромада мерафт ва ҳафтаҳои дароз бедарак мешуд. Ҳангома ҳайрон буд, ки ба шавҳараш чӣ шуда бошад, вале дертар тамоми сирру асрори Фотеҳ рӯйи об баромада, маълум гашт, ки вай аллакай бо як зани шаҳрӣ издивоҷ карда, аз зани наваш низ фарзанддор шудааст. Ҳангома тобу тоқати бардоштани алами хиёнати шавҳарашро накарда, фарзандонашро гирифта, қаҳр карда ба хонаи падару модараш рафт. Фотеҳ хабари баромада рафтани занашро шунида, барқасди Ҳангома зани навашро аз шаҳр ба деҳа, ба хонаашон овард. Азбаски дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекарданд, хабари зан овардани шавҳари Ҳангома ба зудӣ барқсон паҳн гашт. Ҳангома аз рашк ба худ печида, сари қаҳр ба як мӯйсафеди 64-сола ба шавҳар баромад. Фотеҳ чанд маротиба барои гирифтани ду духтарчаи нозанинаш ба хонаи мӯйсафеди Мардон омада бошад ҳам, Ҳангома Фотима ва Зуҳроро ба вай надод. Фотеҳ бо зӯрӣ фарзандонашро гирифта бурданӣ мешуд, вале шавҳари нави занаш ӯро бо асо зада, аз хонааш пеш мекард. Рӯзе набуд, ки аз рӯйи Фотимаю Зуҳро ҷангу ҷанҷол нахезад, Фотеҳ “бо кадом роҳе набошад, фарзандонамро аз дасти ту кашида мегирам” гӯён, зиндагии Ҳангомаро талх мекард. Билохира як шом вай шароби зиёде нӯшида, мастомаст ба хонаи мӯйсафеди Мардон омад ва ба муқобилияти Ҳангома нигоҳ накарда, зӯран Фотима ва Зуҳроро ба мошинаш савор карда бурд, аммо ин рӯзи шум охирин рӯзи ҳаёти ин тифлакони маъсум гашт. Фотеҳи маст аз уҳдаи идора кардани нақлиёт набаромад ва мошин ба ҷарӣ афтида, Фотимаю Зуҳрои хурдакак дар ҷойи ҳодиса ҳамроҳи падари якравашон ҷон ба ҷонофарин супориданд. Хабари ин садамаи сархӯр ба зудӣ ба гӯши Ҳангома расид ва бо чашмони гирён рӯкану мӯйкан ба ҷойи ҳодиса давид. Тифлакони ба хун оғушта ва шавҳари тиккаву пора шудаашро дида, ин ҷавонзани сияҳбахт хун мегирист, аммо тақдири бадро тадбир набуд. Ҷисми бе ҷони Фотеҳ ва фарзандонашро бо нолаҳои зор ба хок супориданд. Ҳангома то ҳол дар марги Фотима ва Зуҳро Фотеҳи ҷавонмаргро гунаҳгор мекунад. Ҳар ҳафта бо гиряҳои шашқатор ин модари дилафгор ба сари қабри духтаронаш гул бурда, то холӣ шудани дилаш оби дида мерезад.

Аз ин ҳодиса нав се сол гузаштааст, аммо дар байни ин се сол ғами фарзанд Ҳангомаро он қадар афгор намуд, ки ба як кампири фартут монанд гаштааст. Одами дидагӣ ӯро ҷавонзани 30- сола нею кампири 60- сола гумон мекунад. Худованд чунин рӯзи сахтро ба ягон бандааш нишон надиҳад!

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД