Шоир андар синаи миллат чу дил,
Миллати бе шоире анбори гил.
Дар ҳақиқат нақши шоирон дар тақдири ҳар миллат хеле бузург аст, зеро шоири адолатпарвару ватандӯст бо шеърҳои пурҳикмати худ ҷомеаро ба ватандӯстию меҳанпарварӣ ҳидоят намуда, дар қалбҳои одамон тухми муҳаббат ба сарзамини аҷдодӣ ва ифтихори миллиро мекорад. Ҳамчун рамзи эҳтиром ва эътиқод ба шеър ва шоирон дар Бадахшон як кӯча ба номи шоири маъруфи бадахшӣ Ширин Бунёд гузошта шуд...
Бо қарори вакилони шаҳри Хоруғ дар иҷлосияи даҳуми даъвати шашум “дар асоси талаботи банди 11- и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми октябри соли 2009, таҳти рақами 609 "Дар бораи тасдиқи тартиби номгузорӣ ва дигар кардани номи корхонаҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳҳо объектҳои физикию ҷуғрофӣ" кӯчаи А. Аёмбеки шаҳри Хоруғ ба номи шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Бунёд номгузорӣ карда шуд”
Ширин Бунёд аз зумраи шоирони хеле машҳури тоҷик буда, соли 1941 дар ноҳияи Роштқалъа ба дунё омадааст. Аз ин марди суханвар шеъру ғазалҳои зиёде ба ёдгор монда, ашъори рангини Ширин Бунёд дар китобҳои , “Зартеғ”, “Шерозаи Ваҳдат”, “Бомдод”, “Поси хотир” “Шоҳи Тирандоз”, “Об, замин ва одамон” гирд оварда шудааст. Заҳматҳои Ширин Бунёд (Қурбонмамадов Хушқадам Бунёдович) дар ҷодаи сухану суханварӣ бо унвони Шоири халқии Тоҷикистон қадрдонӣ гашта, худи шоир соли, соли 2011 дар синни 70-слагӣ аз олам даргузашт.
Номгузорӣ шудани як кӯча дар шаҳри Хоруғ бо номи Ширин Бунёд рамзи қадрдонӣ аз ин марди сухан буда, ба зиндаву ҷовид мондани номи шоир мусоидат менамояд.