Arzon march 2024
Баъд аз табобат дубора ба хонаи шавҳарам роҳ ёфтам
811

Шавҳарам қабулам кардан намехост

“Вақте маро аз беморхона ҷавоб доданд, хостам ба шавҳарам хабари хушро расонам. Аммо телефон надоштам ва дар ҳуҷраи мо дигар бемор намонда буд, ки аз онҳо телефон пурсам. Аз ин хотир, хостам аз ҳуҷраи дигар телефон пурсам, рафтам онҷо як бемори дигар ҷавони 18 сола бистарӣ буд, аз ӯ барои як дақиқа бо шавҳарам суҳбат кардан телефон пурсидам. Ӯ ҳам не нагуфту телефонашро дод. Оҳ кош намедоду кош ман шавҳарамро занг намезадам.”

Ин ҳарфҳои Файзигул( номи музтаор) собиқ бемори силдошта мебошад, ки давраҳои мушкилии бемориашро қисса мекунад. Ӯро замоне, ки ҳарорати баданаш баланд мешуду тобу тоқаташро аз ӯ рабуд, ба духтурон муроҷиат кард. Аммо дар марҳилаи аввал духтурон чанд номгӯи маводи доруворӣро таъин карданду халос. Вақте доруҳои истемолкардаи Файзигул барояш натиҷа намедиҳад, худаш ба маркази бемориҳои сил муроҷиат мекунад ва баъди муоина роҳхат барои беморхонаи машҳур бо номи Мачитон мегирад.

Дар марҳилаи аввал се моҳ табобатро гирифту баъдан хост табобаташро дар хона идома диҳад, чунки чор фарзанди хурдсол дошт ва меҳри онҳо дили модари беморро талла мекард. Баъди муоинаҳо духутрон тавсия доданд, ки ту акнун барои пайвандону аҳли оила бехатар ҳастӣ ва ӯро рӯхсат карданд.

“Тасаввур мекунед, ки ман вақте баъди се моҳ фаҳмидам, ки маро аз беморхона ҷавоб медиҳанд, чӣ қадар хурсанд шудам. То нисфирӯзӣ ҳуҷҷатҳои беморхонаро дуруст кардаму ба шавҳарам хостам ин хабари хушро бирасонам”-ба нақл оғоз кард, қаҳрамони мо.

“Вақте маро аз беморхона ҷавоб доданд, хостам ба шавҳарам хабари хушро расонам. Аммо телефон надоштам ва дар ҳуҷраи мо дигар бемор намонда буд, ки аз онҳо телефон пурсам. Аз ин хотир, хостам аз ҳуҷраи дигар телефон пурсам, рафтам онҷо як бемори дигар ҷавони 18 сола бистарӣ буд, аз ӯ барои як дақиқа бо шавҳарам суҳбат кардан телефон пурсидам. Ӯ ҳам не нагуфту телефонашро дод. Оҳ кош намедоду кош ман шавҳарамро занг намезадам.”

Аз хурсанди фаромӯш кардам, ки шавҳараи ман ба ҳар ҳолати ман рашк мекунад ва ҳатто дар беморхона буданам рашк мекарду ҷанҷу ҷанҷол мебардошт. Мефаҳмонидам, ки дар ин ҷо ҳама бемор асту фикри сиҳатшуданро мекунанд. Аммо ин суханҳо ба гӯши шавҳари ман намедаромад ва ҳар рӯз дар захмҳоям бо рашкҳояш намак мепошид.

Ба ҳуҷраи ҳамсоя рафтаму аз онҳо телефон пурсидам, розӣ шуда рақамҳои шавҳарамро чидаму занг задам, ки маро аз беморхона ҷаоб медиҳанду биёед. Ваҳ чӣ суханҳое, ки нашунидам.

Аввалин суханаш ин буд, ки ин мард кӣ аст, ки телефонашро ба ту дод? Чаро аз телефони зан занг назадӣ, ту ба ман лозим нестӣ, бирав куҷое мехоҳӣ, дар хонаи ман ба ту барин зан роҳ нест. Фиғонам беморхонаро ба ларза овард. Ин қадар талош мекардам, ки фаҳмонам, аммо фоида надошт. Баъди он ки модари ҳамон ҷавонписаре, ки аз телефонаш занг задам, бо шавҳарам гап зад, ки ин писари ман асту бемор аст, нисбати занаш фикри ноҷо накунад ва бо азиятҳои зиёд шавҳарам иҷозат дод, ки ба хона баргардам.

Дар давоми зиндагиам панҷ маротиба ҷарроҳӣ шудаам. Дар марҳилаи бемории сил буданам ҳар рӯз то 10-12 ҳабро истеъмол мекардам. Онҳо дилбеҳезрӣ дошт, нороҳатӣ дошт вале ба хотири фарзандонам мехӯрдам. Давоми се моҳе, ки дар беморхонаи МАчитон бистарӣ будам, ҳамао доруҳоямро ройгон доданд ва баъди ин шаш моҳи дигар таҳти назорати духтурон доруҳоро истеъмол мекардам ва саломатиамро барқарор кардам. Минатдории худро духтурони соҳаи силшинос, махсусан, Касиров, мерасонам. Зеро бо дастгирии онҳо ман шифо ёфтам ва то имрӯз ба ман маслиҳати худро дареғ намедоранд. Ин минбари баланд барои ман имкон додааст, ки ба тамоми нафароне, ки аз ин беморӣ ранҷ мекашанд, рӯҳафтода нашаванд, таобати худро бигиранд, доруҳои худро саривақт истеъмол кунанд ва аз гӯшти сагу сағуру гусфанд истифода набаранд, то ки ҳаёташонро зери хатар нагузоранд, гуфт дар охири суҳбат қаҳарамони мо.

Воқеан ҳам бемории сил авлодӣ набуда, табобатшаванда аст, танҳо беморон бояд дар таҳти назорати духтурони табобатии худ маводҳои дорувориашонро дастрас кунанд, фаромӯш накунед, ки табобати бемории сил ройгон аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД