arzon replenishment
Бачаи қишлоқӣ аз имтиҳони ишқ нагузашт
26.02.2025
Oila.tj
1610

Салом! Ман як духтараки 20-солаи шаҳрӣ ҳастам ва дар як масъалаи муҳим андешаҳоямро навишта, фикру ақидаи дигаронро фаҳмидан мехостам.

Одамон сарфи назар аз макони зисташон дар назди Худованд ҳама баробаранд, вале баъзан духтарҳои шаҳриро паст задани мардуми деҳот маро ба ғазаб меорад. Аз ҳамин хотир, ҳодисаеро, ки чанде пештар аз сарам гузашта буд, нақл мекунам, то хонандагони азиз худашон хулоса бароранд.

Ман дар шаҳри Душанбе зода шуда, дар оилаи фарҳангӣ ба воя расидаам. Падару модарам ҳарду соҳиби маълумоти олӣ ҳастанд. Чанд моҳ пеш як хешамон, ки дар деҳа зиндагӣ мекунад, тӯй кард ва моро ба хонааш даъват намуд. Дар ҳамон маърака ҷавоне мисли кана ба ман часпида, зорию тавалло кард, ки рақами телефонамро диҳам, вале розӣ нашудам, зеро хуб медонистам, ки волидонам ҳаргиз маро дар қишлоқ ба шавҳар намедиҳанд, худам низ майлу хоҳиши дар деҳа зистан надоштам. Ба хубӣ фаҳмондам, ки мо ҷуфти муносиб нестем, лекин ҷавони хира аз куҷое рақамҳои телефонамро пайдо карда, ҳар

рӯз ба ман занг мезад ва зориву тавалло мекард, ки суроғаамро диҳам, то ки модарашро ба хостгорӣ равон кунад. Ба мулоқот розӣ нашудам, вале ба хотири садоқаташро санҷидан адреси хонаамонро додам, аммо баъди ин Маҷнуни сонӣ якбора бедарак шуд. Фаҳмидам, ки мақсади ҷавон хостгорӣ ва бунёди оилаи солим набуда, танҳо мехост сари маро бо гапҳои пучаш гиҷ кунад ва ба дом андозад, аммо чун дид, ки ба мақсад намерасад, гум шуд.

Қиссаи ошиқи шилқини деҳотиро ба он хотир нақл кардам, ки аксари бачаҳои қишлоқ на аз рӯйи ишқу муҳаббат, балки ба хотири дар назди ёру ҷӯраҳояшон худро нишон додан ба гӯши духтарҳои шаҳрӣ қиссаи ишқ мехонанд. Ба духтарон гуфтаниям, ки ба лофу газофи чунин ҷавонон бовар накунанд, зеро ишқи ҳақиқӣ на дар забон, балки дар амал аст.

Д. В.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД