Sebiston new 2024 october
Бачаи 18-сола чи тавр миллиардер шуд?
778

 

Клементе дел Веккиои итолиёвӣ дар синни 18-солагӣ "ҷавонтарин миллиардери ҷаҳон" шуд. Дар ин бора нашрияи "Forbes" хабар дод.

Тибқи раддабандии нави сарватмандтарин афроди ҷаҳон, дороии дел Веккио 3,5 миллиард доллар арзёбӣ мешавад. Вай ҳамчун "ҷавонтарин миллиардер" аз Кевин Дэвид Леман, ки саҳмияи дорухонаҳои олмонии "Dm-drogerieро" мерос гирифтааст, пеш гузашт.

Клементе фарзанди хурдии Леонардо дел Веккио аст. Ӯ асосгузори "Luxottica" - бузургтарин истеҳсолкунандаи айнак дар ҷаҳон буда, дорои брендҳои "Ray Ban" ва "Oakley" аст ва барои "Chanel", "Giorgio Armani", "Prada" ва "Versage" чаҳорчӯба истеҳсол мекунад.

Падари Клементе, Леонардо дел Веккио яке аз сарватмандтарин мардони Италия ба ҳисоб мерафт. Ӯ тобистони соли 2022 даргузашт. Ҳафт фарзанд ва занаш дар "Делфин Холдинг" саҳмия гирифтанд. Фарзанди хурдии ӯ Клемент моҳи май 19-сола мешавад. 

Дар раддабандии нави "Forbes" 15 миллиардери синнашон аз 30 хурдтар шомил шудаанд. Сарватмандтаринашон Марк Матешитзи 30-сола мебошад. Ӯ пас аз марги падараш Дитрих Матешитз 49 дар сади саҳмияҳои "Red Bull"-ро ба мерос гирифтааст.

Синну соли миёнаи миллиардерҳо 65 сол аст. Куҳансолтарин иштирокчӣ асосгузори "Mercury General Insurance" Ҷорҷ Ҷозеф мебошад, ки моҳи сентябр 102-сола мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД