Санаи 18 -уми январ дар шаҳри Маскав як навраси 16-сола бар асари бехобӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора сомонаи lenta.ru дар истинод ба манбааш иттилоъ медиҳад.
Ҷасади ин ҷавони нокомро дар яке аз манзилҳои воқеъ дар кӯчаи Южнобутовская пайдо кардаанд. Табибон мегӯянд ин ҷавон аз бехобии марговари оилавӣ азият мекашидааст. Тибқи маълумоти кормандони тиб бехобӣ метавонад сабаби марги ӯ бошад.
Бехобии оилавӣ бемории нодир ва табобатнашаванда буда, маровар мебошад. Бе беморӣ ирсӣ мешавад. Тибқи иттилоъи манобеъи мухталиф, дар ҷаҳон аз 40 то 70 ҳолати гирифторӣ ба ин беморӣ сабт шудааст.
Бехобии оилавии марговар ягон роҳи табобат надорад. Ин касалӣ бо суръат инкишоф ёфта, тарзи маъмулии зиндагии инсон ва имкони фаъолияти иҷтимоии ӯро ба таври ҷиддӣ халалдор мекунад.
Бемории мазкур ба мутатсияи ген вобаста буда, боиси бехобӣ мегардад. Аз сабаби дурудароз набудани хоб беморе, ки аз бехобӣ азоб мекашад, билохира мемирад.
Абдуғаффор Шодиев