Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз сар задани як ҳодисаи хунин дар маҳаллаи Испечаки шаҳри Душанбе хабар додааст...
Ба иттилоъи манбаъ, рӯзи 22 -апрели соли равон, як бачаи 14-солаи сокини шаҳри Душанбе дар маҳаллаи Испечак бо марди 42-сола бе ягон сабаб ҷангу ҷанҷол намуда, ба шиками рақибаш 1 корд задааст. Ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.