Arzon march 2024
Бача доштанаро фаромӯш кун, оча! (Қисми 4)
03.03.2022
Оила
4364

Хурсанд шудам, ки писарам калон шуда мардона сухан мекунад ва бо дуои сафед ӯро ба Русия гусел кардам.


Аввалҳо тез-тез занг мезад ва ҳар моҳ пул равон мекард, аммо баъди чанд вақт бедарак шуда монд. Бисёр хавотир шуда ба худ ҷойи нишаст намеёфтам, ки мабодо дар мулки ғурбат ба сари писарам фалокат ва ё бадбахтие наомада бошад, аммо...
Бача доштанатро фаромӯш кун, оча!
Аз байн 5-6 моҳ гузашта буд, ки як бегоҳ садои тақтақи дарвоза баромад ва касе чанд бор Саидҷон гуфта фарёд кард. Ҳайрон шудам, ки дар ин бевақтӣ кӣ бошад.

Ба назди дарвоза рафта онро боз кардам ва бачаи ҳамсояамонро, ки чанд вақт боз дар Русия буд, дар паси дар дидам.
Аз рӯйи одати тоҷикона баъди салому алейк ӯро ба хона даъват кардам ва кай аз Русия баргаштанашро пурсон шудам. Хандида гуфт:
-Холаҷон, ман аз назди Саидҷон омада истодаам. Ӯ ба шумо анаи ин маблағро равон кард.
Пулро аз дасти бачаи ҳамсоя гирифта миннатдорона дуои некаш додам ва бо чашмони гирён пурсидам, ки чаро Саидҷон якбора бедарак шуда, дар ним сол ақалан як бор занг назад.


-Гиря накунед холаҷон, Саидҷон сиҳату саломат аст. Гуфтагӣ барин, қариб буд аз ёдам барояд, ана ин мактубро Саидҷон дод, ки ба шумо расонам,-гуфт ҳамсоябача ва номаи чорқатшудаеро ба ман дароз кард.


Мактуби писарамро гирифта бӯсидам ва ба чашмонам молида боз ба дасти бачаи ҳамсоя дода гуфтам:
-Бачаҷон, чашмонам хира шудаанд, дигар нағз намебинам, агар вақт дошта бошӣ, худат ин номаро хонда деҳ, канӣ бинам, бачаҷонам чи навиштааст...
Ҳамсоябача “хуб шудааст холаҷон” гуфта, мактубро кушод ва ба хондан даромад.
“Салом оча! Умедворам, ки сиҳату саломат ҳастед. Ман дар ин мулки ғарибӣ бахтамро ёфтам ва ба наздикӣ бо як духтари хеле зебо хонадор мешавам. Арӯсшавандаам аз оилаи сарватманд аст ва метарсам, ки аҳволи хонаву дари моро дида, падару модараш ба издивоҷи мо розигӣ намедиҳанд.

Аз ҳамин хотир ба онҳо дурӯғ гуфтам, ки ятими бекасам. Саидҷон ном бача доштанатонро фаромӯш кунед. Дигар ба ман занг назанед ва дар суроғам нашавед. Тасаввур кунед, ки дуто не, як бача доштед. Боқӣ дар паноҳи Худо бошед....

Бо шунидани ин сатрҳои тақдирсӯз дилу ҷигарам гӯиё об шуда, ашки чашмонам шаш қатор ба рӯйи дидагонам шорид. Фишори хунам баланд шуда, қариб буд, ки ба сактаи мағзи сар гирифтор шавам. Ҳанӯз ҳам боварам намеомад, ки бачаи бо хуни ҷигар калон кардаам ба хотири кадом як духтар шуда аз баҳри ман, аз баҳри модаре, ки ӯро бо азобои алим ба дунё оварда бо шири сафед ба воя расонидааст ва аз баҳри бародари маъюбаш гузаштааст....

Аз афташ бачаи ҳамсоя аз мазмуни номаи писари сангдил ва бераҳми ман тамоман бехабар будааст, ки баъди хондани мактуб табъаш хира шуд ва худашро гунаҳкор эҳсос намуда, бо сари хам баромада рафт...

Бадди рафтани ӯ ҳоли мани зор бадтар шуда, хаёл кардам, ки осмон ба сарам фурӯ рехт ва маро дар зери бори гаронаш маҷақ-маҷақ кард. Дунё дар назарам тираву тор гашта, худ ба худ девонавор мегуфтам: “Наход фарзанди бо хуни ҷигар калон кардаам барои зан шуда, ману додари маъюбашро танҳо гузорад?! Ман ба хотири ҳамин ду бача умри ҷавонамро хазон кардам.

Бачаҳоям мушту лагад хӯрда, азоб накашанд гуфта, бахтамро пушти по зада баромада омадам. Хотири ҳамин ду писар хизмагори дари мардум шудам ва худам нахӯрда онҳоро хӯрондаму худам напӯшида онҳоро пӯшондам, ки дар дами пирӣ асои дастам гарданд. Магар подоши ин ҳама ранҷу азоб ва қурбониҳояи ман-модари зор ҳамин аст?! Сад ҳайфу сад дареғ...”

 

Ҳамин тавр чанд моҳ баъди гирифтани н номаи тақдирсӯз корам фақат гиряву нола буд, вале хуни дил хӯрданҳоям самар надоданд. Писари сангдилам баъди ин дигар на ягон бор занг зад ва на аз худ паёме фиристод. Дар куҷо аст, киро ба занӣ гирифтааст ва чи рӯзу рӯзгоре дорад, намедонам. Саидҷон ман-модари зорашро зинда ба зинда гӯр карда, худро ятими кӯл, бе падару бе модар эълон кардааст, вале фарзанд ҳазор бадгуҳар бошад ҳам, модар ҳаргиз ӯро фаромӯш кардаву аз ҳаёташ хат зада наметавонистааст, то рӯзе, ки ҳастам барои писарам месӯзам...
Баъди шунидани ин қисса бисёр ғамгин шудам, охир наход инсон модареро,ки ӯро ба дунё овардааст, барои пулу мол ва ишқи як духтари бегона шуда, дар дами пирӣ танҳо гузорад?!

 


Ба ҷавонон гуфтаниям, ки дар ҷаҳон ҳама чизро метавон пайдо кард, аммо падар модар ва фарзанди падар гавҳари ноёбанд! .
Раҳима Охонлаълова

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД