Sebiston new 2024 october
Бача қаҳт задааст, ки ба мардҳои зандор мечаспед, духтарҳо?!
3907

 Шавҳарам Манучеҳр дар бозор ба савдогарӣ машғул аст. Субҳ ба кор мераваду шом ба хона бармегардад. Як куртаи мардак, ки дуто шуд, албатта нағмаҳои нав мебарорад гуфтани кампирҳо беҳуда набудааст, шавҳари ман ҳам серпул шуда аз худ рафт.

Ин мардаки худобехабар ҳатто хотири ду кӯдаки хурдашро накарда бо Нилуфар ном духтари 17- сола ишқварзӣ мекардааст. Шавҳари беинсофам дар тӯли чандин соли ҳамзистиамон ба ман ақаллан як ангуштарин ҳам нахаридааст, вале дасту ангуштони маъшуқаи ҷавонашро аз ҳоло аз тиллою нуқра пур карда, намуда ваъда додаст, ки ӯро зани дуюм карда мегирад. Духтари холаам, ки ҳамроҳи шавҳарам дар бозор савдо мекунад, нағмаҳои нави мардакамро ба ман нақл карду ҳуш аз сарам парид. Пештар як бор шавҳарамро бо як духтараки сабзинаи мавзунқомат ҳамсуҳбат дида, ҷанҷол бардошта будам. “Ту аблаҳ маро дар назди ҳамсинфам шарманда кардӣ” гуфта, мардакам маро чунон зад, ки аз даҳону биниам хун фаввора зада шорид. Аз ҳамон вақт инҷониб метарсам бо шавҳарам сар ба сар шавам ё дар ягон масъала баҳсу мунозира кунам. Дар миёни дуроҳаи тақдир монда, чи кор карданамро намедонам. Дилам мехоҳад аз гиребонаш дошта, барои хиёнат карданаш санги осиёро дар сараш гардон кунам, вале метарсам, ки шавҳари ба доми ишқи духтари ҷавон афтодаам бо ҳамин баҳона ману кӯдаконамро аз дар берун карда, дарҳол Нилуфархони таннозашро ба занӣ мегирад. Ба қавле гӯям, забонам месӯзаду нагӯям мағзи ҷонам оташ мегирад. Дилам аз ғуссаю ғам косаи зардоб гаштааст, бар замми ин, шавҳари духтарбозам бо заҳри забонаш мудом ба захмҳои ман намак мепошад. Як гапи хуб надорад, бо ҳар баҳона ба корҳоям эрод гирифта, диламро хун мегардонад. Фарзандони бечораам ҳам аз дасти падари золимашон дар ин хонадон ягон рӯзи хушу осударо намебинанд. Дардам зиёд аст, вале додрасе надорам. Ман чӣ камбудӣ дорам, ки шавҳарам дар рӯям зан мегирад? Магар ҳамаи мардҳо мисли шавҳари ман барои нафси бадашон фарзандонашонро хору зор месозанд? Азобам зиёд аст, хонандагони азиз, аз дасти ин шавҳари «бабник» на шаб хоб дораму на рӯз, чунки кори мардакам то саҳар бо телефон гап задан асту халос. Касе нест, ки ин мардаки умраш ба ҷое расидаро насиҳат карда аз роҳи бад баргардонад. Умеди охиринам ҳамин газетаи “Оила” аст. Аз минбари ин ҳафтаномаи бонуфуз ба Нилуфар ва ҳама духтарҳои ҷавоне, ки ошиқи марди зандоранд, гуфтаниам:

-Хоҳаракони ширин, хоҳиш мекунам, ба шавҳари ман занг назанед! Ростӣ, бо марди зандор гаштан ба шаъни духтари хона намезебад. Магар бача қаҳт задааст, ки ба мардҳои зандор мечаспед?!

Ситораи бадбахт

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД