35 years of independency
Бақайдгирии маҳали зисти донишҷӯёни тоҷик тавассути «Амина» сурат мегирад
01.09.2026
Oila.tj
155

Аз 1-уми сентябри соли 2026 истифодаи замимаи мобилии «Амина» барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия бо тартиби бевиза ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад. Ба ин гурӯҳ шаҳрвандони Тоҷикистон низ дохил мешаванд.

Тибқи иттилои Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба масъалаҳои муҳоҷират, акнун шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик метавонанд тавассути ин замима маҳали зисти худро ба қайд гиранд.

То имрӯз замимаи «Амина» асосан дар шаҳри Москва ва вилояти Москва барои бақайдгирии муҳоҷирони меҳнатӣ истифода мешуд. Аз 1-уми сентябр бошад, доираи истифодаи он васеъ шуда, замима ҳамчун воситаи рақамӣ барои бақайдгирии маҳали зисти шаҳрвандони хориҷӣ низ ба кор гирифта мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар, ки дар Русия таҳсил ё кор мекунанд, тавсия медиҳанд, ки пеш аз ворид шудан ба ин кишвар ва ё пас аз расидан ба он талаботи нави бақайдгириро ба назар гиранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД