Бақайдгирии довталабон дар 8 шаҳру ноҳия оғоз ёфт
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Тоҷикистон (ИМД-2026) оғоз гардид.
Ба иттилои манбаъ, дар ин давра дар 8 шаҳру ноҳияи кишвар - Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Данғара ва Рашт нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил карда шудаанд.
Довталабон метавонанд барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба яке аз ин нуқтаҳо муроҷиат кунанд.