Formula novemver 2024
Ба зарардидагони офатҳои табиӣ хонаҳои нави муҷаҳҳаз медиҳанд
315


Бар асари сел ва дигар офатҳои табиӣ дар шаш моҳи соли равон 164 бинои истиқоматӣ зарар дида, аз ин шумора 64 хона пурра вайрон шудааст ва 26 адади дигар қисман хароб гаштааст.

Шахсоне, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ манзилашон валангор гаштааст, аз ҷониби давлат бо хонаҳои нави бо тамоми асбобҳои рӯзгор муҷаҳҳаз таъмин карда мешаванд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражании Тоҷикистон, генерал-лейтенат Рустам Назарзода иттилоъ дод.

Мавсуф таъкид намуд, ки айни замон сохтмони хонаҳои нав барои осебдидагони офатҳои табиӣ бо суръат идома дорад.
“Барои зарардидагони офатҳои табиӣ натанҳо хонаҳои нави замонавӣ месозем, балки ҳар як хона бо тамоми таҷҳизоти зарурии рӯзгор аз сӯзану ришта сар карда, то гилему қолин, телевизору яхдон ва дигар намудҳои техникаи маишӣ пурра таъмин карда мешавад. Ин пеш аз ҳама ғамхории Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст”-гуфт Рустам Назарзода.

Дар идомаи суханаш раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ гуфт, дар дигар кишварҳо вақте офатҳои табиӣ рӯй медиҳанд, аз зарардидагон ҳатман ҳуҷҷати суруғтаро пурсон мешаванд. Дар сурати надоштани суғурта барқарор намудани осеби бар асари офатҳои табиӣ расида ғайри имкон аст.

Соли 2024 хеле сербориш омада, бар асари барфу боронҳои шадид, фаромадани тарма, омадани сел, сангрезӣ, раъду барқ ва дигар офатҳои табиӣ 15 нафар ҷони худро аз даст доданд. Аз ин шумора 9 нафар қурбони сел гашта, 4 нафарро барқ задааст ва боз 2 нафари дигар аз ярч ҳалок гаштаанд.

Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД