Бо шавҳарам қарор додам, ки хушӣ ба хушӣ ҷудо мешавем, чунки ў зани дигарро дӯст доштаасту мехоҳад бо ў оиладор шуда, соҳиби фарзандон гардад.
Ман бошам танҳо як фарзанд ба дунё оварда тавонистаму халос. Аммо ҷудоии моро духтарам таҳаммул карда наметавонад. Кӯшиш кардам, ба духтарам фаҳмонам, ки ману падараш ўро чун пештара дӯст хоҳем дошт, вале инро духтарам фаҳмидан ҳам намехоҳад. ба занбозии шавҳарам тоқат кунам ё мотам нагирифтам, ҷудо шавам?
Саломат, 34 сола.
Маслиҳат аз редаксия:
Шумову шавҳаратон давраи ниҳоят душворро аз сар мегузаронед. Баъди чандин соли зиндагии якҷоя ҷудо шудан осон нест. Аммо ба духтаратон боз ҳам душвортар аст. Ҳатто тасаввур ҳам карда наметавонад, ки дур аз падараш чӣ гуна зиндагӣ мекунад. Барои ӯ волидонаш як чизи бутунанду шикастани ин чизи бутун барояш фоҷиа мебошад. Шумову шавҳаратонро лозим аст, ки ором бошед. Назди духтаратон ба ҳам меҳрубонтар бошед. Барои тақсими молу амвол шуда, бо ҳам талош накунед, талху пичинг ё пӯшидагӯӣ нанамоед. Ба духтаратон фаҳмонед, ки пас аз ҷудоӣ бо падараш, бо шумо монданаш маънои абадӣ аз ӯ ҷудо шуданро надорад ва ҳар вақте ки хоҳад, бо падараш вохӯрда метавонад. Он гоҳ духтаратон мефаҳмад, ки падараш аз ҳаёти ӯ гум намешавад.