new banner new years
Ба яккаписар духтар надеҳу яккадухтарро келин накун
31.07.2024
Оила.ТҶ
1428

Салом! Ман духтари 22-сола ҳастам ва мехоҳам дар як масъалаи муҳим аз шумо, хонандагони азизи сомонаи Oila.tj маслиҳат бипурсам.

Дар яке аз донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ таҳсил мекунам ва як ҷавони ҳамсабақамро дӯст медорам. Дӯстдоштаам аз оилаи бою бадавлат ва яккаписар аст. Падару модараш хеле сарватманданд ва назарашон ҳар касро намегирад. Ман аз як оилаи оддӣ ҳастам, падарам ҳар сол ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад, модарам як зани хоксори деҳотӣ аст. Хулоса, зиндагии фақирона дорем.

Волидони ҷавони дӯстдоштаам маро келин кардан намехостаанд, вале вай ду пояшро ба як мӯза андохта, маҷбур кардааст, ки ба хонаи мо хостгорӣ оянд. Модараш рӯзи ба хостгорӣ омадан чашму абрӯ паронда, гуфт: “Талабгорони писари ман аз мӯйи сараш ҳам зиёдтар буданд, вале вай туро интихоб кард. Духтари батақдир будаӣ, ки чунин бахти баланд насибат гаштааст. Кору бори хонаро нағз ёд гир, чунки хонаи мо ҳамеша пур аз меҳмон аст. Боз ба ҳолам наханданд, ки ба писари яккаву ягонааш як духтари беҳунари қишлоқиро келин кардааст...”.

Ростӣ ман ба суханони хушдомани ояндаам чандон аҳамият надодам, вале модарам сахт ранҷиданд.

Як ҳамсояамон ба ҷавони дӯстдоштаам ким-чӣ хел муносибати хешутаборӣ дорад. Вай ба модарам гуфтааст, ки Саидахон, яъне модари домодшаванда келини мисли худашон бою бадавлат мехост, лекин писараш ду пояшро ба як мӯза андохта, гуфтааст, ки ба ғайр аз ман дигар бо касе хонадор намешавад.

Модарам мегӯянд, ки ту ба ин бойбача ба шавҳар бароӣ ҳам, модараш намегузорад, ки орому хушбахт зиндагӣ кунед. Ҳар рӯз “мо бою ту духтари камбағали почаканда” гуфта таъна мезанад, ба ҳар корат эрод гирифта, ҷонатро ба лабат мерасонад. Ҳар кас бояд пояшро баробари кӯрпааш дароз кунад. Ҳанӯз ҳам дер нашудааст, биё фотиҳаро гардонем, бигзор арӯси ба худашон муносибро ёфта келин кунанд.

Холаҳоям низ модарамро тарафдорӣ карда, мегӯнд, ки одами боақл бояд ба яккаписар духтар надиҳад ва якадухтарро келин накунад, чунки одамони як писар ё як духтар дошта ҳамеша фарзандашонро рашк мекунанд.

Ҳайрон мондаам, ки чӣ кор кунам. Дилам намехоҳад аз ишқам ҷудо шавам, вале метарсам, ки хушдоманам баъди тӯй дар сарам чормағз шикаста, аз зиндагӣ безорам накунад.

Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

М., сокини шаҳри Ваҳдат

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД