Бисёриҳо орзуи дидани кишвари афсонавии Туркияро доранд. Акнун шумо имкон доред барои кор ба ин кишвар рафта, ҳамзамон ҳар моҳ маблағи хуб ба даст оред.
Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хоҳишмандонро ба кор дар Туркия даъват мекунад. Сабти номи довталабон аллакай оғоз ёфтааст.
Барои кор дар ин кишвар муттахассисони зерин лозиманд: кафшергар, барчӣ, оҳангар, мутахассиси таъмири механикӣ, ронандаи "лоудер" ва "форклифт", устои таъмири техникаи вазнин ва сохтмонӣ, ҳамчунин коргарони одӣ.
Музди меҳнат вобаста ба ихтисос ва вазифа аз 700 то 1250 доллар мебошад. Муҳоҷирон дар Туркия бо ҷойи хоб ва хӯрок таъмин карда мешаванд.
Талаботи асосӣ:
- Синну сол: аз 18 то 45-сола;
- Донистани забони англисӣ ё русӣ дар сатҳи муоширати корӣ;
- Доштани Шиносномаи хориҷӣ;
- Надоштани доғи судӣ;
Масъулиятшиносӣ, риояи интизоми меҳнат ва омодагӣ ба кор.
Шахсоне, ки мехоҳанд ба Туркия ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд, метавонанд ба Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа муроҷиат намоянд.
Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ, 80 (наздикии “Пивзавод”).
Телефонҳо барои тамос: 221-39-67 ва 221-39-83
“WhatsApp”: +992 55 555 1080, +992 98 790 6666, +992 93 093 4994
Шахсоне, ки дар дигар минтақаҳои кишварамон зиндагӣ мекунанд, вобаста ба маҳали зисташон метавонанд ба намояндагиҳои Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа муроҷиат кунанд.
Вилояти Суғд: +992 92 777 0909, +992 884406633;
Вилояти Хатлон: +992 905 800 063, +992 93 487 8828;
ВМКБ: +992 935 101 439, (ш. Хоруғ): +992 935 771 075.
Хидматрасониҳои машваратӣ ва қабули ҳуҷҷатҳо ройгон аст.