Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо фаъолияти Шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд шинос гардида, бо шароити хизматии кормандони милитсия аз наздик ошно шудааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни мулоқот бо ҳайати шахсӣ таъкид гардидааст, ки мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун сипари боэътимоди давлат дар ҳифзи сулҳу субот, ваҳдату якпорчагӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ нақши калидӣ доранд. Роҳбари вилоят иброз доштааст, ки маҳз дар натиҷаи дастгириву пуштибониҳои доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои фаъолияти шабонарӯзии кормандони мақомоти қудратӣ шароити мусоиди хизматӣ фароҳам оварда шуда, онҳо ҳамеша таҳти ғамхории давлату ҳукумат қарор доранд.
Изҳори боварӣ карда шудааст, ки кормандону хизматчиёни мақомоти корҳои дохилии шаҳр минбаъд низ ба савганди касбӣ содиқ монда, баҳри ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, таъмини оромии ҷомеа ва мубориза бо ҳар гуна зуҳуроти ҷинояткорӣ тамоми донишу малака ва нерӯву тавони худро равона месозанд.
Дар доираи дастгирии моддиву техникии сохтор ба шуъбаи мазкур ду адад автомобили нави барқӣ тақдим карда шудааст.