Ҷавонеро дар тӯи холаам дидаму ба ман маъқул шуд. Ман, ки пайваста намозҳоямро мехондам, мехостам соҳиби шавҳари намозхон бошам. Он ҷавон ба назарам одами боимон ва худотарс намуд. Ӯниз дар ҳамон тӯй маро дда ошиқ шуд. Рақамҳо телефонамро намедонам аз кӣ пайдо карда бошад, ба ман занг зад. Дар аввал ба зангҳои телефониаш ҷавоб надодам, вале ниҳоят ба гапи шайтон рафта бо ӯ гап задам. Вай ба ман изҳори муҳаббат кард. Аз ӯ пурсидам, ки намоз мехонӣ, вай бошад ба ман ҷавоби мусбат дод. Аз ӯ хостам, ки агар маро дӯст медорӣ ба хонаамон хостгор фирист.
Як рӯз баъди ин гуфтугӯ ба хонаи мо хостгор омад, вале аз ҷониби ҷавони дигар. Модарам ба ман гуфт:
- Духтарам, ту ҳамеша аз Худо мехостӣ, ки шавҳари ояндаат мӯъмину мусулмон бошад. Инак ба ту ҷавоне талабгор шудааст, ки қории Қуръон аст.
Ман ба суханони модарам оромона гӯш додаму гуфтам:
- Ҷавоби онҳоро кӯтаҳ кунед, ман ба вай расида наметавонам.
Модарам ҳарчанд зорию илтиҷо кард ба гапаш гӯш надодам. Ноилоҷ ба хостгорҳо ҷавоби рад доданд.
Ҳафтаи дигар модари дӯстдоштаам ба хостгорӣ омад ва баъди як моҳ маро тӯй карда ба хонаи дӯстдоштаам оварданд. Як ҳафта зиндагии хубе доштам. Баъди як ҳафта дидам, ки шавҳарам ба худаш сӯзандору мегузаронад, аз вай пурсидам:
- Бемор шудед? Чаро ба худатон сӯзандору мегузаронед, наход дар деҳаи шумо ягон ҳамшираи тиббӣ набошад?!
Ин гапро гуфтаму ба бало мондам. Шавҳарам маро чунон ба зери шаттаву шалоқ кашид, ки дар баданам ягон ҷои ободе намонд. Хушдоманам маро аз зери лагади шавҳарам кашида гирифту сабаб пурсид. Базӯр гуфтам, ки ман аз он кас ҳамин қадар гап пурсидаму ба бало мондам:
- Чаро пурсидӣ! - ба сарам дод зад, хушдоманам, - магар намедонистӣ, ки шавҳарат наркаман аст.
Ман, ки то он рӯз дар бораи наркаманҳо тасавуроти дурусте надоштам, не гуфта ҷавоб додам. Хушдоманам ҷавоби маро шунида:
-Худатро уболак нишон надеҳ, ба писарам ҳам кордор нашав, - гуфту баромада рафт.
Нигоҳ кунам шавҳарам дар болои диван бароҳат хоб аст. Ҳамин тавр талхиҳои зиндагии ман оғоз ёфт. Агар намоз хонам хушдоманам ғур-ғур мекунад:
- Кори хона мондагӣ, ин духтар рӯзи дароз намоз мехонад, мо келин не монашка овардем. Тақдири пешонии писарам шӯр будааст…
Ҷанҷолу бадбиниҳои хушдоманаму шаттаву шалоқҳои шавҳарам дилгирам карданду ба модарам шикоят кардам. Он кас ҳам гуфтанд, ки духтарам сабр кун, шояд ҳамааш хуб шавад.
Аз байн як сол гузашту мо соҳиби духтарчае шудем. Умед доштам, ки меҳри фарзанд зиндагии моро нуру сафо мебахшад. Аммо ин тавр нашуд. Шавҳарам рӯзҳову ҳафтаҳо бедарак шуда меравад. Ба хона, ки омад аз ман фақат пул мепурсад, агар ёфта надиҳам ба бало мемонам. Бар замми ин ҳар замон хушдоманам мегӯяд:
- Ту омадиву бо пою қадами наҳсат бачаамро аз роҳ баровардӣ, хуни гул барин бачаамро макидӣ гӯён ба сарам дод зад. Суханҳои модарамшӯям ҷигари пурхунамро хунтар гардонд. Падару модарам бошанд, фақат ба сабр даъват мекунанд.
Дар хона ман як роздону роздор дорам, ин ҳам бошад Худои ман аст. Шабҳо рӯи ҷонамоз мешинаму ба даргоҳи боазаматаш зораву нола мекунам: "Парвардигоро, ман чӣ гуноҳ кардам, ки маро ба ин ситам гирифтор кардӣ! Дуздӣ накардам, ғарӣ накардам, ғайбат накардам, намозамро ҳам тарк накардам…"
Вале акнун ман хатоямро фаҳмидам. Пеш аз он, ки модари шавҳарам ба хостгорӣ биёяд, қорибачае ба ман хостгор фиристода буд, вале мани кӯтоҳандеш ба васвасаи шайтон гирифтор шуда ӯро рад кардам. Охир Худои ман дариҷаи бахти маро кушода буд, вале ман бо дастони худам онро ба рӯям бастам. Ман дар пеши Худованд ҳазорон тавба кардам. Хатоямро фаҳмидам, вале дигар чӣ кор кунам намедонам. Аз шавҳарам ҷудо шавам, ба хонаи волидонам баргардам, духтарчаи ягонаамро ятим кунам. Ё сабр пеша созаму аз Худо баракату саодат ва тавфиқи шавҳарамро талаб намоям. Дар миёни чор дарё зору ҳайронам.