Arzon march 2024
БА РӮЯМ ТУФ КАРДӢ, ХОЛИДА!
3066

 

Бародарам Каримҷон аз муҳоҷират бароям пул фиристод. Хӯроки нисфирӯзиамро хӯрда, ба шаҳр рафтам, то пулро аз кортам гирам.

Ба бахти бадам дар ягон банкомат пул набуд. Баъди се соати сарсонӣ назди бонки навбатӣ банди андеша будам, ки нафаре гуфт дар бонкомати назди Омӯзишгоҳи тиббӣ пул асту навбат нест. Азбаски, ба пул сахт ниёз доштам шитофам ба он тараф. Хушбахтона, бонкомат кор мекард, он ҷо касе набуд. Машғули пулгирӣ будам, ки духтаре дар сари китф сумкаи сурх ба назди дастгоҳ омад. Чун пуламро гирифтам, онро шуморида – шуморида аз назди банкомат берун шудаму навбатро ба духтарак додам.

-Ака, мебахшед, пули маро ҳам гиред,- гуфт духтар ва корташро дароз кард.

-Рақами кодатон чанд аст?

-60,-гуфт ӯ.

-Чанд сомонӣ дорад?

-Бисёр не, ҳамагӣ 50 сомонӣ,-шармида ҷавоб дод ӯ.

-Барои донишҷӯ ин маблағи калон аст,-хандида гуфтам.

-Барои роҳкиро мерасад,-гуфт ӯ ҳам бо ханда.

Духтар ситорагарм буд. Шавқи шиносоиям афзуду ӯро бештар ба гап гирифтан хостам.

-Аз куҷо мешавӣ?

-Аз ноҳияи Ҷайҳун.

-Нағз, нағз. Толиби илм будаед.

-Раҳмат акоҷон, лутф мекунед,-гуфта, духтар баъди гирифтани пулаш хайрухуш карда рафт. Аз саросемагӣ номашро ҳам напурсидам. Баъди рафтани ӯ симояш чанд муддат пеши назарам монд.

Акнун ҳар рӯз бо умеди як бори дигар бо ӯ рӯ ба рӯ шудан ба омӯзишгоҳ меомадам, вале ӯро пайдо карда метавонистам.

Дида ба дидор

Як рӯз чун одати доимӣ дар хараки назди омӯзишгоҳ нишаста будам, ки ӯ бо як дугонааш аз дарс баромад. Духтар дар тан хилъати сафед ва дар даст дафтари калоне дошт. Баробари диданаш ба наздашон рафтам.

-Салом ҳамшираҳо,- бо ханда гуфтам ба духтарон.

-Салом, ако. Шумо хуб?-пурсид ӯ аз ман. Дугонааш ҳайрон - ҳайрон каме нигоҳ карду баъд аз назди мо дур шуд.

-Ба ман ягон кор доштед? -пурсид ӯ.

-Не, хостам бинамат,-саросема ҷавоб додам.

-Барои чӣ?-ҳайрон шуд духтар.

-Рости гап, худам ҳам намедонам, ки барои чӣ, вале аз ҳамон рӯз ҳамеша симоятон дар пеши назарам аст,-ба мӯйҳои тиллорангаш нигариста, гуфтам.

Ӯ як ба соати дасташ нигариста,- ман бояд ба дарс равам,-гуфт ва аз назди ман дур шудан хост.

-Чанд соати дигар мехонӣ?-боз пурсидам.

-Ду соати дигар монд. Баъд хона меравам,-гуфт ӯ.

-Ман дар ҳамон харак мунтазират мешавам,-гуфтаму пас гаштам.

Чашм ба роҳ

Вай рафт. Ман ду соат интизор шудам. Дилам пур буд, ки ин дафъа шинос мешавем. Қарибии нисфирӯзӣ духтар баромад ва аз байни дигар духтарон ҷудо шуда, рост ба наздам омад.

-Чаро ин қадар интизор шудед? Ба хона нарафтед?

-Не. Хостам туро гусел кунам. Ана, баъд ба хона меравам.

Мо якҷоя ба роҳ баромадем. Ҳар ду ҳам хомӯш будему бесадо қадам мезадем.

-Чизе бигӯ, охир. Ё ҳамин тавр хомӯш меравем?

-Чӣ гӯям? Ҳар рӯз дар ҳамин роҳ меояму меравам.

-Дарсҳо мушкиланд?

-Не, ҳоло вақти санҷишу имтиҳонҳо,-шарҳ дод ӯ.

Ҳамин тавр, мо ба кӯчаи онҳо расидем.

-Телефон дорӣ?

-Дораму рақамашро дода наметавонам, зеро як бародари бадҷаҳл дорам, ки мекушадам.

-Ақаллан номатро гӯй.

-Холида.

Ӯ номашро гуфту аз пешам рафт. Он рӯз шанбе буд. Пагоҳаш рӯзи истироҳат буд, ки бароям дилгиркунанда гузашт. Кош, зудтар рӯзи душанбе мешуд.

Ҳадяи меҳр

Аз он рӯз эътиборан ҳар рӯз ба мулоқоташ мерафтам. Як рӯз ҳини хайрухуш як садсомонаро ба дасташ дода, гуфтам, ки ин барои рохкирояш, вале ӯ пулро нагирифт.

-Не, ман роҳкиро дорам,-гуфт ӯ.

Исрор кардам, ки ин фақат ҳадя аст ва пас аз ин пулро гирифт. Мо як муддат сайр кардему ӯро гуселонидам ва худам ба хона омадам. Вақти аз дар даромадан модарам парешонхотириамро дида, гуфт:

-Писарам, вақтҳои охир ким чӣ хел хаёлӣ шудаӣ. Тинҷист?

-Не, ҳамааш хуб аст-ку,-гуфтаму ба ҳуҷраи худам даромадам.

Ташрифи келиншаванда

Рӯзи дигар Холидаро ба хона овардаму бо модарам шинос кардам. Он вақт модарам фаҳмид, ки мо бо ҳамдигар меҳру муҳаббат дорем. Ӯ Холидаро хуш пазируфт.

-Духтарам, ту ҳоло донишҷӯӣ. Медонам, ки давраи таҳсил мушкилиҳо дорад. Агар сабур бошӣ, ҳамааш паси сар мешавад - насиҳат мекард модарам.

-Ҳар рӯз рафтану омадан бароят душвор аст. Биё, дар хонаи мо зиндагӣ кун. Бароят шароити беҳтаринро муҳайё мекунем,-идома додам ман.

-Бо падару модарам маслиҳат мекунаму баъд мебинем,-кӯтоҳ гуфт Холида.

ДАВОМ ДОРАД...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД