Қариб як сол боз мардуми тоҷик кушода шудани роҳҳо ва аз нав барқарор гаштани парвози тайёраҳои хатсайри Душанбе-Маскавро интизорӣ мекашиданд.
Воқеан, ин масир дар ҳаёти кишвар нақши хеле муҳим дорад, зеро зиндагии қисми зиёди мардум асосан аз ҳисоби даромаде пеш мерафт, ки туфайли муҳоҷирати меҳнатӣ ба даст меоварданд. Бо баста шудани роҳҳо дари ризқу рӯзии мардум низ баста шуд ва оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ бо мушкилоти зиёди иқтисодӣ рӯ ба рӯ гаштанд.
Ниҳоят, пас аз интизориҳои тӯлонӣ, аз санаи 1-апрел парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Маскав аз нав барқарор мегарданд, аммо барои ба тайёра нишастан мусофирон бояд ба як қатор қоидаҳо риоя намоянд. Ба иттилои Спутик тести коронавирус муҳимтарин ҳуҷҷате мебошад, ки аз мусофирони хатсайри Душанбе-Маскав талаб карда мешавад. Манбаъ мегӯяд, бидуни ин ҳуҷҷат мусофирон ба тайёра умуман роҳ дода намешаванд.
Тести коронавирус бо усули ПЦР гузаронида шуда, натиҷаи он пас аз чанд рӯз муайян мешавад. Шахсоне, ки нияти ба Русия парвоз карданро доранд, бояд қабл аз сафар аз чунин тести ташхисӣ гузаранд ва маълумотномаи тиббӣ бигиранд, ки дар ҳақиқат ба коронавирус гирифтор нестанд. Маълумотнома бояд бо забони русӣ навишта шуда бошад.
Тестро на дертар аз се рӯзи пеш аз парвоз супурдан лозим аст. Агар пештар аз тести кронавирус гузашта бошед, бо сабаби кӯҳна будани маълумотнома метавонанд шуморо ба тайёра роҳ надиҳанд.
Шахсоне, ки ба Русия сафар карданиянд, бояд ба тамоми қоидаҳои зидди эпидимологӣ риоя намуда, ниқоб пӯшанд ва ҳамроҳи худ ҳатман дастпӯшаку маводҳои антисептикӣ дошта бошанд.
Айни замон дар ин хатсайр дар як ҳафта танҳо ду парвоз ба нақша гирифта шудааст.
Дар назар аст, ки минбаъд рӯзҳои сешанбе парвоз аз Душанбе ба Маскав сурат мегирад ва баъдан тайёра мусофиронро аз Русия ба Тоҷикистон меорад.
Бо рейсҳои аввалин танҳо шахсоне, ки зарурати хеле сахти ба Русия сафар намудан доранд, парвоз карда метавонанд.
Парвозҳоро аз ҷониби Русия авиакомпанияи ЮТЕЙР ва аз ҷониби Тоҷикистон ширкати “Сомон-Эйр” амалӣ хоҳанд кард.