Formula novemver 2024
Ба Россия бурдани зану фарзандонро ба муҳоҷирон манъ мекунанд?
1106

Михаил Матвеев, намояндаи ҳизби коммунисти Россия пешниҳод кардааст, ки минбаъд ба муҳоҷирони меҳнатӣ бо худ ба Федератсияи Россия овардани аҳли хонавода, падару модар ва зану фарзандон манъ карда шавад.

Ҳанӯз маълум нест, ки депутатҳои Думаи Давлатии Россия пешниҳоди ин намояндаи ҳизби коммунистро қабул мекунанд ё не, вале Михаил Матвеев онро бар нафъи кишвар арзёбӣ намуда, чунин андеша дорад, ки ин тадбир метавонад хароҷотҳои буҷҷаи давлатиро коҳиш диҳад.

Матвеев мегӯяд, аксари муҳоҷирони меҳнатие, ки ҳамроҳи худ аҳли хонаводаашонро ба Россия меоранд, танҳо худашон кор мекунанд ва барои ду дасти корӣ шуда, чанд хӯрандаи дигар ба гардани давлати Россия бор мешавад.

“Афроде, ки бо мақсади машғул шудан бо фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия меоянд, набояд ҳуқуқи бо худ овардани падару модар, зану фарзанд ва аҳли оилаашонро дошта бошанд. Айни замон мо бо ҳар як дасти корӣ 5-7 нафари дигарро қабул мекунем, ки кор намекунанд, вале аз кӯмакҳои иҷтимоии давлати Россия истифода мебаранд. Мактаб барои фарзандони оилаҳои муҳоҷирон ройгон, боғчаи бачагона ройгон, хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳли оилаи муҳоҷирон ройгон, охир барои пӯшондани ҳамаи ин хароҷотҳо аз буҷҷаи давлати Россия маблағи зиёде сарф мешавад, ки аз ҳисоби андозҳои месупурдаи мардуми маҳаллӣ ҷамъ оварда мешавад. Минбаъд бо худ ба Россия овардани аҳли хонаводаро ба муҳоҷирони меҳнатӣ манъ карда, метавон маблағи зиёдеро сарфа намуд”-гуфтааст Михаил Матвеев.

Ӯ афзудааст, ки агар Россия ин корро накунад, шумораи одамони муфтхӯре, ки ба гардани давлат ва андозсупорандагон мешинанд, боз ҳам зиёдтар хоҳад шуд.

Михаил Матвеев қаблан пешниҳод карда буд, ки додани шаҳрвандӣ ва шиносномаи Федератсияи Россия ба зодагони кишварҳои Осиёи Миёна ва Кавказ муввақатан боз дошта шавад, зеро ин раванд ба як тиҷорати калон табдил ёфтааст.

Ёдрас мешавем, ки пештар муҳоҷирон ба танҳоӣ ба Федератсияи Россия сафар мекарданд, то дар ин кишвар бо фаъолияти меҳнатӣ машғул шуда, маблағи муайяне ба даст оваранд ва шароити зисту зиндагии хонаводаашонро беҳтар гардонанд, вале солҳои охир иддае аз муҳоҷирони меҳнатӣ аҳли оилаашонро низ бо худ мебаранд. Аксари занҳое, ки ҳамроҳи шавҳарашон ба Россия мераванд, кор накарда,танҳо бо нигоҳубин ва тарбияи фарзандонашон машғуланд.

Тибқи қонунҳои ҷории Россия кӯдакони муҳоҷирони меҳнатӣ низ дар қатори фарзандони шаҳрвандони Федератсияи Россия ба гирифтани таълиму тарбия ҳуқуқ дошта, дар боғча ва мактаб ба таври ройгон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД