Ба ронандагони Тоҷикистону Эрон сабукӣ дода мешавад
16.01.2026
Oila.tj
41

Аз аввали моҳи марти соли ҷорӣ Тоҷикистон ва Эрон реҷаи раводидро барои ронандагони ҳамлу нақли байналмилалии якдигар бекор менамоянд.

Ин тасмим дар асоси қарорҳои ҳукуматҳои ду кишвар ва созишномаи дуҷониба қабул шудааст.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, минбаъд ронандагон ва ёвари ронандагони мошинҳои боркаши байналмилалӣ, ки дорои шиносномаи Тоҷикистон ё Эрон мебошанд, метавонанд бидуни раводид тавассути ҳамаи гузаргоҳҳои марзӣ ба қаламрави якдигар ворид шаванд.

Тибқи тартиби нав, ронандагони тоҷику эронӣ ҳуқуқ доранд то 30 рӯз дар ҳар давраи 90-рӯза бидуни гирифтани раводид дар қаламрави кишварҳои якдигар иқомат кунанд.

Ин тадбир ба осон гардидани ҳамлу нақли байналмилалӣ, таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва баланд бардоштани самаранокии логистика миёни ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД