Дар оилаи мо ягон апаам ё бародарам дӯстдошта надоштанд ва ҳамаашон низ зидди дӯст доштану баъдан хонадор шудан ҳастанд. Аммо ман анъанаи оилавиямонро шикаста, ба Олим ном ҷавон дил бастам. Дӯстдоштаам дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад, мо танҳо телефонӣ сӯҳбат мекунем. Олим хеле ҷавони нармгуфтор асту ҳар гоҳ ваъда медиҳад, ки туро арӯс карда, ба наздам меорам. Шояд дар тақдири ман бо дӯстдоштаам издивоҷ намудан набудааст, ки аммаам барои писараш ба хонаи ба хостгорӣ омад. Падару модарам маро маҷбурӣ бо ӯ хонадор карданианд. Айни замон дар фотиҳаи писари аммаам ҳастам, аммо пинҳонӣ бо Олим гап мезанам. Азбаски Олимро девонавор дӯст медорам, рақамҳои телефони писари аммаамро гирифта, ба ӯ занг задаму дар бораи дӯстдошта доштанам хабар додам. Маълум шуд, ки Олим низ ба як духтар ошиқ аст ва ӯро низ волидонаш маҷбурӣ оиладор карданианд. Писари аммаам ваъда дод, ки агар ман ба назди Олим гурехта рафтан хоҳам, ӯ чипта харида, маро ба Русия назди дӯстдоштаам равон мекунад. Аммо дудила шудаам, намедонам, ки ба писари аммаам бовар кунам ё не. Метарсам, ки сири маро фош карда, шармандаам месозад.
Ш.