Салом хонандаи азизи «Оила”. Дилшод ном дорам. Ҳоло дар пойтахт мехонаму дар хобгоҳи як донишгоҳ зиндагӣ дорам. Соле як як ё ду бор ба хона меравам. Сабабаи дер – дер ба хона рафтанам падару модараманд.
Онҳо ошиқ шуда, оиладор шудаанд. Падарам аз деҳот буду модарам аз шаҳр. Модарам дар деҳа зистанро намехост. Ҳамин буд, ки баъди ба дунё омадани ман аз деҳа гурехта, ба шаҳр рафт ва аз падарам ҷудо шуд. Ӯ маро ба худ набурд ва мани хурдсол бо падар мондам.
Бобою бибиам маро ба воя расонидаанд. Ҳатто чехраи модарро дар хотир надорам, чунки аз рӯзе худро мешиносам ҳамеша дар оғӯши бибиам будам. Ба гуфти бибиам модарам дар шаҳр оиладор шуда, ҳоло соҳиби фарзанду хонаи обод аст. Баъди рафтани ӯ аз хона падарам ҳам барои кор ба шаҳр омад. Ӯ ҳам дар ин ҷо оила барпо кард.
Бибиам аз дунё гузашт ва ин ба ман зарбаи шадид зад,зеро ӯ ягона касе буд, ки дарди дили мефаҳмиду хохишҳоямро амалӣ месохт. Бобоям баъди ин маро баъди ба хонаи падарам ба шаҳр фиристод. Муносибати моиндар дар аввал бо ман хеле хуб буд, то он даме, ки ба донишгоҳ дохил шудам. Дигар бо ҳар сабаб моиндар ҳамроҳам ҷанҷол мебардошт.
Як рӯз падарам маро зери мушту лағад гирифта, дар вақти нисфирӯзӣ аз хонааш пеш кард. Қадамзанон то хобгоҳи донишҷӯён омадам. Дар роҳ дар бораи модарам фикр кардам. Ӯ дар куҷо бошад гуфта, аз худ мепурсидам. Ҳайронам, ки чӣ тавр модар фарзанди хурди худро партофта, аз ӯ даст мекашад? Дар дили кӯчакам нисбат ба ӯ эҳсоси нафрат пайдо шудааст. Кош мемурдаму маро ба дунё намеовардӣ, оча! Агар зинда бошӣ, бидон, ки ба ту сахт нафрат дорам.
Падарам маро сабаби ҷудоиаш аз модарам медонад. Ӯ ҳоло бо оилаи наваш хушбахт аст. Модарам ҳам. Аммо мани бегуноҳ азоб мекашам. Чӣ кор кунам акнун? Ба куҷо равам, дӯстон?
Дилшод,
н. Шаҳритуз