Formula novemver 2024
Ба ҷойи падари худораҳматиам намоз хонам?
07.02.2022
Оила
1022

Мо насли замони Шӯравӣ ҳастем ва нони коммунистиро хӯрда калон шудаем. Раҳматӣ падарам одами хуб буданд, дар умрашон касеро ғайбат намекарданд ва нони ҳалоли меҳнатӣ хӯрда ба баду неки дигарон кор надоштанд, лекин намоз намехонаданд. Ҳамин тавр ба қавли маъруф «коммунист» аз дунё гузаштанд. Синну соли ман ҳам аз 50 гузаштааст ва 15-20 соли охир рӯза мегираму намоз мехонам. Донистан мехостам, ки агар ба ҷойи раҳматии падарам ҳам намоз хонам қабул мешавад ё не?
М. Ҷ, ш. Душанбе

Посухи домулло Ҷамолиддини Хомӯш
Намоз ибодати баданӣ аст. Ибодатҳои баданӣ бар зиммаи ҳар як шахс вогузор шудаанд. Фақат як нафар метавонад намоз хонад ва савоби онро ба арвоҳи гузаштагон бахшад, ки ин дар мо маъмул аст. Ба ҷойи каси дигар намоз хондан ва рӯза гирифтан аз нигоҳи мазҳаби мо мамнуъ аст, вале дар дигар мазҳабҳои исломӣ вуҷуд дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД