Ҷавонзани тоҷик Таҳмина Самадова, ки ҳамчун модари серфарзанд ба дарёфти сертификати манзил дар Русия сазовор гашта буд, ба ҷойи соҳиби хона шудан ба 4 соли зиндон маҳкум гаштааст. Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар додаанд.
Ёдрас мешавем, ки шаҳрдори Митиши моҳи январ ба хонаводаи Самадовҳо ҳамчун оилаи серфарзанд ба маблағи 24 миллион рубл шаҳодатномаи хариди манзил тақдим карда буд. Ҳуҷҷати мазкур дар доираи барномаи давлатии дастгирии оилаҳои серфарзанд дода шуда, ҳамон вақт намояндагони ҳукумати маҳаллӣ ин оиларо ситоиш карда, изҳор доштанд, ки “Тахмина Самадова ба корҳои хайрия машғул аст ва бародаронаш низ барои ширкат дар амалиёти низомӣ дар Украина бо ордени “Ҷасорат” ва медали “Барои шуҷоат” мукофотонида шудаанд”.
Хуллас, ин оила ба тамоми талаботҳои барномаи мазкур барои ба даст овардани шаҳодатномаи манзил пурра ҷавобгӯ буд, аммо хабари ба як оилаи серфарзанди тоҷик додани шаҳодатномаи хариди манзил ба маблағи 24 миллион рубл дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарусадоҳои зиёд ва норозигии ҷомеаи русро ба миён оварда, моҷаро бархост.
Дар пайи баҳсу мунозираҳои беҳисоби интернетӣ мақомот нисбати Таҳмина Самадова, ки ҳам худаш ва ҳам шавҳараш шаҳрвандии Федератсияи Русияро доранд, парвандаи ҷиноятӣ кушода, занро дар қаллобӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо айбдор намуданд.
Ҳамин тавр, аз ҷониби суд Таҳмина Самадова барои талоши дарёфти сертификати манзил бо роҳи қаллобӣ ба чаҳор соли зиндони шартӣ маҳкум шуда, иҷрои ҳукми мазкур то 18-сола шудани писари хурдии ӯ ба таъхир гузошта шудааст.