Бозорҳои “Саховат”, “Ганҷина” ва “Панҷшер”-и пойтахт дар оянда тахриб карда шуда, дар ҷойи онҳо биноҳои наву зебои замонавӣ бунёд хоҳад гашт.Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ раиси ноҳияи Фирдавсӣ маълумот додааст.
СССР-ТВ навори видеоиеро аз рафти нишасти хабарӣ дар Ҳукумати ноҳияи Фирдавсии пойтахт пахш намудааст, ки дар он Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Умед Гуреззода дар посух ба саволи хабарнигорон дар боби тахриби бозорҳои “Саховат”, “Панҷшер” ва “Ганҷина” сухан меронад.
Гуреззода мегӯяд, дар оянда, ба эҳтимоли зиёд пас аз ба итмом расидани сохтмони эстакадаҳо бозорҳои “Саховат, “Панҷшер” ва “Ганҷина” тахриб карда шуда, ба ҷояшон биноҳои нави замонавӣ сохта мешаванд.
“Мувофиқи имконият дар ҷойи ин бозорҳо Боғи 90-солагӣ бунёд мегардад ё Боғи Фирдавсӣ васеъ карда мешавад”-мегӯяд раиси ноҳия.
Сохтмони бозори нави замонавӣ низ дар назар дошта шудааст, вале ҳанӯз дақиқ ҳисоб нашудааст, ки барои кӯчондани ин бозорҳо ва сокинони биноҳои дар атрофи маҳалли бозори “Саховат” буда ва бундёи биноҳои нави замонавӣ чи қадар маблағ сарф мешавад.
Ёдрас мешавем, ки чанд сол қабл се бозори калони шаҳри Душанбе - “Шоҳмансур”, “Ҷал-Ҷам”ва “Султони Кабир” тахриб карда шуда, ба мавзеи дигар кӯчонида шуданд.