Arzon march 2024
Ба охир расидани дунё дар хоб
2423

Хоби даҳшатноке дидам, ки то ҳол аз пеши назарам дур намешавад. Дар хобам дунё ба охир расид. Ростӣ хеле сахт тарсидам, ҳарчанд кӯшиш мекунам, ҳеҷ хоби ваҳшатангези дидаамро фаромӯш карда наметавонам. Ҳар рӯз дар сарам танщо як фикр чарх мезанад, ки чи ҳодиса рӯй медода бошалд? Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед.

Амирҷон, ш. Ваҳдат

Дар тамоми китобҳои муқаддас қоим шудани қиёмат ё ба охир расидани дунё ҳамчун даҳшатноктарин рӯйдод дар ҳаёти одамизод тасвир ёфтааст, аз ҳамин сабаб сарфи назар аз синну сол, касбу кор ва ҷаҳонбинию донишу фаҳмиши одамон эҳсоси тарсу ҳарос аз рӯзи қиёмат дар дили ҳар як инсон ҷой дорад. Барои одамон ҳатто хоб дидани рӯзи қиёмат даҳшатангез аст, вале дар асл ба охир расидани дунё дар хоб на ҳамеша маънои сар задани ҳодисаи нохушро дорад.

Қиёмат дар хоб як навъ огоҳӣ аст, ки эҳтимол дар ҳаёти шахси хобдида баъзе мушкилиҳо сар зананд, вале инсон кӯшиш кунад, метавонад тамоми душвориҳоро паси сар намуда, дар китоби умри худ саҳифаи тозаеро боз намояд. Ба таъбири дигар бигӯем, қиёмат дар хоб маънои ба охир расидани як давраи душвори ҳаёт ва оғози зиндагии ҷадидеро барои шахси хобдида дошта, баъди паси сар кардани душвориҳо вай ба хушбахтӣ мерасад.

Қиёмат дар хоби зан маънои дарду ранҷи зоданро дорад, агар зани шавҳардор хоб бинад, ки дунё ба охир расида истодааст, дар ояндаи наздик ҳомиладор шуда, фарзанд ба дунё меорад. Барои духтари ҷавон ва муҷаррад хоб дидани қиёмат пайки хуш буда, ба шавҳар мебарояд.

Аммо мард хоб бинад, ки дунё ба охир расидааст, бо мушкилоти калони пулӣ рӯ ба рӯ мегардад, давлату сарваташро аз даст дода муфлис, яъне “бонкрот” мешавад ё дар ҷойи кораш ягон ҷанҷоли калоне сар мезанад, ки боиси нофаҳмию асабонияти зиёд хоҳад гашт. Ба охир расидани дунё ва фаро расидани рӯзи қиёмат метавонад як нав ҳушдор аз сар задани ҷангу ҷанҷоли оилавӣ, талоқ, бемории вазнин ва ё марги ягон шахси дӯстдоштаи одами хобдида низ бошад.

Кас хоб бинад, ки дунё ба охир расида, дар қатори дигарон худи вай ҳам мурдааст, умри дарози пурбаракат мебинад. Хоб бинед, ки қиёмат қоим шуда истодааст ва шумо дар як гӯша истода, доду фиғони дигаронро тамошо карда истодаед, даромади калон ба даст меоред. Дар хобатон дунё ба охир расида, замин дар зери об монда бошад, пас аз пушти сар кардани санҷишҳои зиёди қисмат ба оромиш мерасед.

Дар хоби кас қиёмат қоим шавад, вале худи шахси хобдида ягон зарар набинад, вазъи иқтисодиаш рӯ ба беҳбудӣ оварда, бадавлат мешавад. Марди ҷавон хоб бинад, ки қиёмат фаро расидааст ва сар то по оташ гирифта месӯзад, ба зани зебое ошиқ шуда, аз оташи ишқи он парӣ хоҳад сӯхт.

Аммо таркидани офтоб дар хоб чандон фоли нек нест. Чунин хоб аз сар задани мушкилиҳои зиёд дар ҳаёти шахсии одами хобдида гувоҳӣ медиҳад. Заминларза дар хоб рамзи тағйиротҳои калону ҷиддӣ аст. Хоб бинед, ки бар асари заминларзаи рӯзи қиёмат девори хонаи шумо кафидааст, аз бадкирдории ҳамкорон ё шарикони тиҷоратиатон зарар мебинед. Пурра вайрон шудани манзили шахси хобдида дар рӯзи қиёмат аз сар задани ягон ҳодисаи нохуше дарак медиҳад, ки аслан интизораш набуд.

Хоб бинед, ки қиёмат қоим шуда, ҳамаи мурдаҳо зинда шудаанд ва дар кӯча гаштугузор дорад, дар ҳаётатон ягон ҳодисаи хурсандиовар рӯй медиҳад ё ягон хабари хуш мешунавед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Бибисоро 2023-09-04, 08:11
Дар хобам дунë ба охир расидаст хамаи хайвонхо аз куххо фаромаданд ва заминхо кафида обхо ба боло баромасод Хама зери замин Вале МАН халос хурдаам Бад ширинеоро дар як чо коим щуда хурдаистодаам
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Бибисоро 2023-09-04, 08:11
Дар хобам дунë ба охир расидаст хамаи хайвонхо аз куххо фаромаданд ва заминхо кафида обхо ба боло баромасод Хама зери замин Вале МАН халос хурдаам Бад ширинеоро дар як чо коим щуда хурдаистодаам
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД