Дар автобус шоҳиди гуфтугӯи ду ҷавоне гардидам, ки сари кадом масъалае чандин маротиба «қасам ба номи Аллоҳ» гуфта, бо ҳам баҳс доштанд.
Мусофирон аз садои баланду қасам ёд кардани онҳо худро ноҳинҷор ҳис намуда, яке рӯй турш мекарду дигаре гӯё намешунид. Бисёриҳо мегӯянд, ки ба номи худо қасам хӯрдан гуноҳи азим аст. Мехостам донам, ки “Ба номи Аллоҳ … “ гуфта, қасами бардурӯғ хӯрдан чи музоҷот дорад?
Санавбар аз н. Рӯдакӣ
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Мутаассифона, имрӯз дар ҷомеа, бахусус дар кӯчаву бозор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ба мушоҳида мерасад, ки ҷавонону наврасон, кӯдакон, ҳатто занону мардони солхӯрда баҳудаву беҳуда ба номи бузурги Худованд қасам мехӯранд. Аксари онҳо чунон одат кардаанд, ки дар баёни ҳар як ҷумла ва фикру андеша «ба номи Аллоҳ», «ба Худое, ки», «Худо занад», «ба Худое, ки халқам кардааст», ««Қасам ба номи Худо» - ро ба забон меоранд.
Баъзеҳо ҳангоми суҳбат ба Худо қасам хӯрда, барои сухани ростро аз мусоҳибашон шунидан суоломез «ба Худо?» - гӯён, ӯро маҷбур менамояд, ки ба Худо савганд ёд кунад. Ҳамчунин, бархе барои тақвияти сухани хеш ва мутмаин кардани мусоҳибон ибораҳои «қасам ба Қуръон», «нон занад», «нон кӯрам кунад» мегӯянд.
Ба мазору авлиё ва арвоҳи гузаштагон низ қасам мехӯранд. Аз нигоҳи ахлоқӣ ва эътиқодӣ қасам хӯрдан хуб нест. Таълимоти гузаштагони мо ин буд, ки инсон бояд ҳеҷ гоҳ қасам нахӯрад ва ҳатто аз қасами рост хӯрдан низ ҳазар кунад. Шахси мусалмон аз ёд кардани қасами ноҳақ бипарҳезад. Чунончи, дар аҳодиси Паёмбар (с) омадааст, ки «Қасами бардурӯғ баракатро аз умр бармедорад, рӯзиро кам мекунад, обрӯйро мерезад». Қасам хӯрдан ин феъли қабеҳ аст. Инсони қасамхӯр дар назари мардум обрӯйи худро аз даст медиҳад ва ҳамчун шахси дурӯғгӯ дар ҷомеа муаррифӣ мегардад. Расули Худо (с) фармудаанд: Ҳар кас, ки ҳарфи худро ба қасами ноҳақ собит мекунад ва чизе аз нафаре мегирад, барои худ қитъае аз оташи ҷаҳаннам муҳайё месозад.