Ба мӯйсафеди ҳамсоя некӣ карда, бадномзада шудам
28.09.2025
ПАРВИНА
586

Дар деҳаи мо мӯйсафеди бекасу танҳое буд. Фарзанд надошт, занаш 20 сол пеш аз дунё гузашта буд. Модарам барои савоб маро ҳар рӯз ба хонаи мӯйсафед мефиристод, то барояш хӯрок барам ва хонаву дарашро рӯбучин намоям. «Духтарам, илоҳо бабахт шавӣ, соҳиби шавҳари меҳрубону хонаи обод гардӣ» гӯён, мӯйсафед мудом дар ҳақам дуои нек мекард. Ҳамсинфонам ҳамеша ба хонаи ин пирамард даро-баро кардани маро дида, масхаракунон ба ман лақаб мемонданд: «Арӯси мӯйсафед».

Ҳамин ки аз дари мактаб медаромадам, ҳама бачаҳо «ана, зани кенҷагии дед омад» гӯён механдиданд. Аламам меомад, вале саг меҷакаду корвон мегузарад гуфта, ба гапҳояшон аҳмият намедодам. Вақте мактабро тамом кардам, гирди номи ман дар деҳа овозаҳои бисёре пайдо шуданд. «Парвинаро мӯйсафед қапида, корашро кардааст» - ин туҳматҳоро шунида, хостгорон аз пушти дарамон гашта мерафтанд.

Ҷонам аз ин ҳама дурӯғу буҳтон ба лабам расиду дигар ба хонаи пирамард нарафтам ва барояш таом набурдам. Як рӯз мӯйсафед асо зада ба ҳавлии мо омад ва маро дидан замон гуфт: “Духтарам чаро ҳозирҳо аз ҳоли бобоят хабар намегирӣ?”. Тоқатам тоқ шуду гирякунон гапу калочаи мардумро ба ӯ расондам.

Мӯйсафед, ба девор такя заду гуфт: «Духтарам, ту фарзанди ман ҳастӣ, илоҳӣ онҳое, ки чунин ҳарфҳоро мегӯянд, ба балои бад гирифтор шаванд... Майлаш, дигар наё ба хонаи ман, ту қадрас шудаӣ, мардум гап мекунанд...”.

Се-чор рӯз гузашту аҳволи мӯйсафед бадтар шуд. Рӯзе падару модарамро ҷеғ зада барои хизматҳояшон сипосгузорӣ кард ва хонаву ҳавливу боғашро ба онҳо васият намуда аз олам даргузашт.

Ин кори ӯ боиси гапу калочаи нав шуд. Акнун дар деҳа: “Мӯсафед дороиашро ба арӯси охиринаш Парвина васият кард...” мегуфтанд...

Хулоса, ман бадном шуда мондам ва синнам қариб ба 30 расида бошад ҳам, шавҳар накардаам.

Ба он хотир ин ҳодисаро навишта фиристодам, ки ба волидайн дарс шавад. Духтарони қадрасатонро эҳтиёт кунед, ки дар атрофи домани покашон овозае ё ҳарфе набарояд, ки ба тақдираш таъсир мекунад...

Гарчанде оилаи мо фикру нияти бад надоштанд ва худованди болои сар шоҳид, ки мӯйсафед ҳеҷ гоҳ ба ман бо чашми бад нигоҳ накардаас, номи ман доғдор шуд. Акнун фақат хостгорони ман мардони зансардодаву занмурда ҳастанд...

ПАРВИНА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД