Дар динҳои дигар бештар аз меҳру муҳаббат ва меҳрубонии Худованд ҳарф мезананд, вале муллоҳои мо фақат аз ғазаби Худованд гап мезананд. Чаро чунин аст? Магар ислом дини ғазабу кина аст?
Фарҳод, ш. Хуҷанд.
Посухи домулло Ҷамоиддин Хомӯшӣ
Бандагони воқеии Худованд, ҳеҷ гоҳ аз раҳмати Парвардигор ноумед нестанд. Раҳмати Худованд ончунон васеъ аст, ки ҳамаро фаро гирифтааст. Он чизеро, ки шариат муайян кардааст, домулло ё рӯҳонӣ ҳақ надорад аз пеши худ тағйир диҳад, масалан, барои рӯзадор аҷру барои рӯзахӯр иқобро муайян кардааст, домулло бояд албатта онро ба мардум бирасонад.
Ҳамчуноне, ки Худованд ҳар чизеро, ки ба Пайғамбар (с) дастур медод, паёмбар ба мардум мерасонд, вазифаи домуллоҳо низ фармудаҳои Худовандро ба мардум расонидан аст, хоҳ ҷазо, хоҳ савоб ё азоб. Дар ин масъала ҳадиси саҳеҳе ҳаст, ки нафаре аз қавмҳои Мӯсо пеш аз Пайғамбари мо ба назди як чаласавод (бесавод) рафт ва гуфт, ки ман гуноҳ кардам, Худованд тавбаи маро қабул дорад?Пурсид, ки чӣ гуноҳ кардӣ?
Гуфт 99 касро ба қатл расонидам.Марди чаласавод ба ғазаб омада, дод зад, ки Худо ҳаргиз туро намебахшад, аз ман дур шав, ки бо касофатии ту ман ҳам ба ғазаби Худованд гирифтор нашавам. Ҷавони гунаҳгор гуфт, ки агар чунин бошад, пас ҳисобро пурра мекунам ва он чаласаводро низ кушта роҳашро идома дод. Ҳарчанд роҳ мерафт, дар қалбаш тарси Худованд ҷӯш мезад.
Тасодуфан бо ҳакиме вохӯрд ва аз ӯ низ пурсид, ки оё Худованд баъди куштани 100 нафар тавбаи ӯро қабул мекарда бошад ё не, он олими давр ҷавоб дод, ки албатта қабул мекунад, чунки дари раҳмати Худованд ҳамеша боз аст. Инсон то сакароти мавт имконияти тавба карданро дорад. Мо бояд инро ба мардум фаҳмонем.