Formula novemver 2024
БА МЕҲРИ ПАДАР НИЁЗ ДОРАМ(ҚИСМИ 9)
1934

ИДОМААШ...


Ҳамин тавр, Фирӯза дар фикри модар афтод. Вай чӣ аҳвол доштани модарро аз дил гузаронд: «Модарам дар ин рӯзи гарм чӣ аҳвол дошта бошад? ӯ хӯрокӣ нисфирӯзӣ хурда, ё не?

Ташна аст ё гурусна? Ба фикрам, ӯ ягон рӯз ба хотири мо дар ошхона хӯрок намехӯрад, рӯз то бегоҳ гурусна дар бозор менишинад. Агар мехӯрданд, ин қадар лоғар намешуданд».

Модари Фирӯза- Сайёра пушти рафи дар ихтиёрдоштаашон рост меистод. Шикамаш ба ёдаш намерасид. Дар ин гармӣ ташнагӣ ҳам ба ӯ ғалаба карда наметавонист. Вайро гӯё ғаму андуҳи вуҷудаш ҳам ба гармӣ, ҳам ба гуруснагӣ ва ҳам ба сардӣ мутобиқ карда буд. Ғайр аз ин, Сайёра гоҳҳо дар фикру хаёлҳо мисли хаси дар гирдбод афтода дар парвоз мешуд, гоҳо дар куҷо будани худашро фаромӯш карда мемонд.

ӯ назди сабзавотҳои худ рост меистод. Харидоре ба сӯяш намешитофт. Як бандча кабудӣ фурӯхта наметавонист.

Оромии бозор Сайёраро тез-тез ба сӯйи қуллаҳои фикру хаёлҳо мекашонд, барои ҷустани роҳҳои беҳтари зиндагӣ маҷбураш мекард. Лекин Сайёра дар ҷустани роҳҳои беҳтари зиндагӣ муваффақ намешуд. Банди хаёлҳои худ ба кадом роҳе, ки мерафт, ӯро рӯзгори мушкилтар пеш меомад. Акнун ӯ намедонист рӯзгорашро чӣ гуна пеш барад. Маблағи каму беши бадастмеовардаашро дар кадом мушкилии худ сарф намояд: барои кӯдаконаш маводи ғизоӣ харад ё маблағи иҷорапулии хонаро пардохт кунад. Вай меандешид, ки агар иҷорапулӣ надиҳад, маблағи вай барои рӯзгузаронии аҳли оилааш шояд кифоягӣ кунад, аммо ҳар сари моҳ маблағи калон ба соҳибхона додан лозим…

Сайёраро ҳеҷ рӯзи хуш насиб намегашт. ӯ дар зиндагӣ ноустуворона гом мегузошт. Орзуву ҳавасе дар дилаш ҷило намедод. Вай танҳо ба хотири ду духтараш дар ин дунё мезист. Ду духтаре, ки ба ҷуз модар касе надоранд, касе соҳибиашон намекунад, касе ба онҳо нону об намедиҳад. Модар баҳри шиками онҳо бозорро ихтиёр кардаву дар рӯзҳои сарду гарми зимистону тобистон ба сабзавотфурӯшӣ машғул аст, то қути лоямути худ ва духтаронашро дарёфт намояд.

Сайёра пушти рафи бозор дар ҷояш бадқаҳрона чарх мезад. ӯ аз рӯзгори гузаштаи худ ба қаҳр меомад. Дандонҳояшро бо ҳам часпонда ғиҷиррос мезанонд. Гоҳо дастонашро дар манаҳаш гузошта, сукут мекард. Илова бар ин, ҳар гуна ишораҳо низ менамуд. Баъзан ҳолатҳо ҳаракатҳои вай диққати савдогарзанҳои бозорро ба худ ҷалб месохт. Онҳо ба Сайёра бо таги чашм нигоҳ мекарданд, лекин касе аз онҳо ёрои ба вай наздик шудан намекард. Метарсиданд, ки мабодо Сайёра бо онҳо ҷанҷолро бардорад. Дар ғайбаш бошад, фикрҳояшонро иброз дошта мегуфтанд: «Зани бечора шавҳар надорад, бева аст. Худашро бо духтаронаш аз рӯйи ҳамин кабудиҳояш мехӯронад. Боз бечора иҷоранишин будааст. Касе ба ӯ як дирам намедиҳад. Чӣ қадаре, ки аз ҳамин ҷо маблағ биёбаду рӯзашро пеш барад. Бечора ақаллан як писар медошт, хеле мушкилиҳояш осон мешуд. Писараш ба вай кӯмак мекард, дар ягон ҷо кор карда маблағ меовард».

Андак вақт гузашту Сайёра даст   аз манаҳ гирифта ба бозуи худ бурд. Дар назараш доғҳои сиёҳи бозӯяш аз нав ба сӯз омаданд. Дарҳол бо панҷаҳояш он доғҳоро хорида монд ва зери дил «лаънат ба ту, лаънат ба ту барин ҷавонмард» мегуфт. Ҳамин тавр, Сайёра худ ба худ оташин шуда, рафтору кирдори бародари шавҳараш Умарро, ки сабаби ҳамаи бадбахтиҳои худ ва пайдо шудани доғҳои сиёҳи тану бозӯяш медонист, пеши чашм овард.

Дар раҳу рӯйи деҳаи Ҳафтчашма барф бо баландии то ба зону мисли дирӯза мехобид ва он ях карда ба замин часпида буд. Аз обшавиаш дараке набуд. Чунки имрӯз алангаҳои оташи Офтоб пардаҳои чандинқабатаи ғафси абрҳоро даридаву ба замин гармӣ дода наметавонист. Гарчанде нисфирӯзӣ наздик шуда истода бошад ҳам, он то ҳол паси абрҳои тираранг ноаён буд ва ҳатто барои як маротиба ба Замин нигаристан имкон намеёфт. Аммо орзуи мардум ин набуд, онҳо умед доштанд, ки Офтоб (каме ҳам бошад) аз паси абрҳо барояду сардиву хунукиро барҳам занад, барфу яхҳоро каме об ва ҳароратро баландтар кунад. Лекин афсӯс! Ба ҷойи ин абрҳои тираранг дар дили мардум шубҳаи боридани барфи навро меандохтанд.

Аз дирӯз касе роҳу кӯчаҳоро аз барф тоза намекард. Роҳи сангфарши деҳа зери барф монда, равуои мошинҳо ба ин роҳ қатъ гашта буд. Агар мошинҳо ба ин роҳ тоб мехӯрданд, дар барф ғӯтида, ҳаракат карда наметавонистанд. Фақат байни роҳи сангфарши зерибарфмонда (аз дур мисли хатти мормонанд менамуд) аз пайи қадами одамону ҳайвонҳо пайроҳа шуда буд.  

Шохаву навдаҳои дарахтон рӯ ҷониби замин хам задаву баъзеашон шикаста буданд. Чунки барфи болояшон аз душашон сабук намешуд, касе ҳам шохаҳоро аз барфҳо тоза намекард. Аҳён-аҳён одамон ёфт мешуданд, ки шохаҳои дарахтони назди ҳавлиҳояшонро аз барфҳо раҳо карда, роҳу роҳравҳои назди ҳавлиҳои худро рӯбанд. Дигарон назди оташдонҳо менишастанд, ба кӯчаҳо намебаромаданд. Бароянд ҳам, ба хунукӣ тоб наоварда, даррав ба хонаҳояшон бармегаштанд.

Сайёра назди ҳавлии худро аз барфҳо тоза мекард ва ин барояш осон набуд, мушкил буд. Албатта, ки дасту пойҳояш аз хунукӣ ба сӯз меомаданд. Қувваташ ҳам барои рӯфтани барфҳо намерасид. Вале ӯ маҷбур буд ҳам корҳои мардона ва ҳам занонаи хонаро худ ба сомон расонад. Чунки ӯ ба ҷуз Фирӯзаҷон дигар касе надорад ва ба умеди касе ҳам шуда наметавонад.

Сайёра дар ин ҳангом тез-тез курчакро ба замин монда, дастонашро бо ҳавли даҳонаш гарм мекард. Лабу даҳон, биниву рухсораҳояшро ба воситаи рӯймоли кабудранге, ки Сайёра онро чанд қабат тоб дода дар рӯяш баста буд, аз хунукӣ пинҳон менамуд. Намехост дами нафасашро дар ин рӯзи сардӣ кушода монад. Метарсид, ки боз шамол хӯрда бемор нашавад.

Ҳар вақте рӯймо ба аз манаҳаш поён мефуромад, сайёра онро дарҳол боло бардошта, барфрӯбиашро давом медод.

Барфрӯбӣ барои Сайёра аз ҳад зиёд мушкил буд, қариб, ки гиряашро меовард. Барои он мушкил буд, ки барои иҷрои ин кор ҳам қувваташ намерасид, ҳам дар хунукӣ тоб намеовард. ӯ ҳеҷ гоҳ ин хел корҳои вазнинро иҷро накарда буд, соли якум аст, ки чунин вазифаҳои вазнин ба зиммаи ӯст. Солҳои дигар корҳои вазнини хонаро Диловар ба иҷро мерасонд ва намегузошт Сайёра ба чунин корҳо даст занад. Барфрӯбӣ ҳам вазифаи ҷонии Диловар маҳсуб меёфт. ӯ баъди боридани ҳар як барфи нав каллапӯш ва дастпӯшакҳояшро пӯшида, назди ҳавлӣ, роҳҳои ошхонаву ҳоҷатхона, гирду атрофи хона ва ҳатто болопӯшҳои хонаву ошхонаро пеш аз ба кор рафтанаш ва ё баъди аз кор баргаштанаш аз барфҳо тоза мекард. Ҳамчунин, бори шохаҳои дархатонро низ. Сайёра бошад, дар ин мавридҳо каме назди Диловар истода, бо ширинзабонӣ сухан мегуфт. Вале баъди андаке ба хунукӣ тоб наоварда, ба хона медаромад ва ҳангоми рафтан ба Диловар таъкид мекард, ки тезтар барфҳоро рафъ кунаду ба хона баргардад. Фирӯза ҳам дар ин ҳолатҳо назди падараш омада, ӯро маҷбур менамуд, ки дар ин рӯзҳои сарду хунукӣ ба хона дарояд, назди оташдон нишинад ва ин корҳоро ба вақти дигар гузорад. Диловар дар ҷавоб «майлаш-майлаш, ками дигар монд, духтараки ғамхори ман»,- гуфта, корашро идома медод. Фирӯза баъди чанд дақиқа ба хунукӣ тоб наоварда, боз давон-давон ба назди оташдон мерафт. Каме гарм шуда, ба назди падараш бармегашт ва ё аз тирезаҳо падарро дар гирду атроф меҷӯст ва бо овози борикаш падарҷонашро ба назди оташдон, ба дохили ҳуҷра даъват мекард.

Аллакай дастону пойҳои Сайёра аз хунукӣ карахт шуда буданд. Боз палтои сиёҳранги танаш, ки ӯро фарбеҳтар мегирифт, аз вазнинӣ нафасашро ба танг меовард, тапиши дилашро дучанд зиёд мекард. Ба ҳамин аҳвол Сайёра яхҳои овезони порисаи хонаашро ҳам ба курчак афтонд, лекин барои рӯфтани роҳи ошхонаву ҳоҷатхона қувваташ нарасид. Аз ин рӯ, ӯ маҷбур шуд рӯфтани барфҳоро ба вақти дигар гузорад ва ҳоло барои   нисфирӯзӣ хӯрок омода созад…

Сайёра рӯфтани барфҳоро ба вақти дигар монд. ӯ як бандча ҳезумро аз ҳезумхона ба бағал гирифта ба хона даромад. Фирӯзаи хурдсолро дар ҳуҷра, дар ҷойи менишастаи Диловар дид. Сайёра ҳезумҳоро ба замин намонда, ба чашмони Фирӯза нигарист. Аз чашмони вараму сурхтоби духтараш пай бурд, ки ӯ аз субҳ то ҳол бо ёди падараш гиряро бас накардааст, як дақиқа ҳам хомӯш намондааст...

Фирӯза аз субҳ назди оташдон нишаста, ба коре даст намезад. Ҳатто лухтакбозӣ ҳам намекард. Ба гулҳои рангоранги гилем дида дӯхта, бо ёди падараш мегирист. Орзу мекард, ки падараш дубора зинда шавад. Охир, ӯ падарашро аз ҳад зиёд дӯст медошт. Як лаҳза ҳам намехост аз оғӯши падар дур шавад. Акнун, ки падараш дар наздаш нест, вай ҳама хушҳолияшро аз даст дода буд. Дигар китоби «Алифбо»-ро варақ намезад, ҳарферо аз он намехонд, такрор намекард, дар мактаб сардори синф шуданро ҳам намехост. Баръакс, рӯҳафтода шуда, ҳама ҳушу хаёлаш ба падараш буд. Акси падар: лабу дандон, қошон, бинӣ, ҳаракатҳо, хандаҳо, ҳазлу шӯхиҳо, дасту панҷаҳо ва қомати баланди падар аз назди чашмонаш дур намешуд. Ба машомаш бӯйи падар мерасид. Ба гумонаш дар хона аз падараш фақат ҳамин бӯйи танаш боқӣ мондааст. ӯ ин бӯйро аз вақти марги падараш дар ин ҳуҷра ҳис мекунад. То вафоти падараш ин бӯй танҳо дар тани падар эҳсос карда мешуду халос. Фирӯза ин бӯйро хеле хуш медид. Ҳатто ҳангоми дар оғӯши падар хобидан ба падар наздик мешуду аз ҳавли гардании падар чуқур-чуқур нафас мегирифт. Акнун, Фирӯза ба худ мегӯяд: «Падарам мурданду бӯйи танашонро барои мо дар хона гузоштанд, бо худ набурданд. Чунки ӯ медонист, ки ман бӯйи ӯро хеле дӯст медорам. Ана барои ҳамин падарам дилаш ба ман сӯхту бӯяшро барои ман дар ин ҳуҷра монд… Барои чӣ падарам бӯяшро танҳо дар ин хона монда бошад? Чаро дар берун ҳам намонд? Охир, ман аз ин хона берун шавам, дигар ин бӯйро эҳсос намекунам. Бояд падар ин бӯйро дар берун ҳам мемонд, ки ман ҳангоми даву тоз дар ҳавлӣ ва ё лухтакбозӣ карданам нафас гирам. Ана дар дигар ҳуҷраҳо ҳам ин бӯй нест. Барои он нест, ки падарам дар ҳуҷраҳои дигар намехобиданд ва боз медонистанд, ки дар зимистон он ҳуҷраҳо хунук мешаванду ман дар он ҷойҳо истода бӯй кашам, хунук хӯрда мемонам… Э-эй, ана, фаҳмидам барои чӣ падарам бӯяшро танҳо дар ин ҳуҷра монда рафт. ӯ медонистааст, ки агар бӯяшро дар берун монад, шамолҳо онро бо худ мебаранд. Дар хона бошад, шамол намешавад, бӯйи падарамро ба ҳеҷ куҷо бурда наметавонад».

Фирӯза соатҳои тӯлониро бо ин андешаҳо пушти сар мекард. Чӣ тавр гузаштани вақту соатро нофаҳмида мемонд.

Сайёра ҳезумҳоро назди оташдон монд ва рӯймоли назди даҳону бинияшро ба рости гулӯяш поён бурда, ба Фирӯза наздик шуд.

-Ту чаро ягон чизи ғафсатро напӯшидаӣ-ҳа? Чаро? Ақаллан ҳамон калтачаатро намепӯшӣ, боз хунук хурда, шах нашавӣ?,-гуфт модар ва назди Фирӯза нишаста, сари ӯро ба бағал гирифт.

-Очаҷон, хона гарм аст. Ана бинед, лахчаҳо то ҳол дар оташдон ҳастанд,- бо овози гиряолуд гуфт Фирӯза.

-Ту барои чӣ гиря мекунӣ, духтарам? Охир аз гиря кардана чашмҳоят суп -сурх шудаанд.

-Атаамро ёд кардам. Ҳа, атаамро. ӯ дигар ба назди мо намеояд. Зинда намешавад. Моро партофта рафт. Фақат бӯяшро дар хона мондаасту халос.

Чашмони Сайёра намнок шуду дилаш ба сӯз омад. Зеро ин гуна суханҳои духтар ба мағзи устухонаш таъсир мерасонд, аламашро меовард. Охир, ӯ ҳам аламдор аст, шавҳарашро дӯст медорад, бо ёди Диловар то нимашабҳо хоб намеравад.

Сайёра чӣ гуфтанашро надонист. Гиря гулӯгираш мекарду ба зӯр худро медошт, чунки суханҳои Фирӯза дарду аламашро аз нав тоза мекард. Аз ин рӯ, ӯ аз назди Фирӯза дур шуданро беҳтар донист. Оҳиста аз ҷой хеста, ба назди оташдон рафт ва ҳезумҳоро ба он андохтан гирифт.

-Очаҷон, ман гурусна мондам.

-Ҳозир духтарам, ҳозир,-гуфт Сайёра ва дар ташвиш афтод. Охир, чӣ тавр ба ташвиш наафтад, ки дар хона хӯрдание надоранд. Худаш дар ягон ҷо кор намекунад, роҳи даромаде ҳам надорад, касе ба ӯ маблағ намедиҳад. Хайрият, дар рӯзияшон ҳамин ҳамсояҳои раҳмдил ҳастанд, вагарна ҳолашон чӣ мешуда бошад? Онҳо баъзан вақтҳо «хайри ҷон» гуфта, ба ӯ наску нахӯд, ҷуворӣ ва ё ягон пора нони гандумӣ ё ҷавию нахудӣ меоварданд. Мегуфтанд, ки бечора «бева»-и бекасу танҳост, роҳи даромаде надорад, савоб мегирем, савоб! Кампирҳою мӯйсафедони деҳа бошанд, ҳафтае то ду-се маротиба ба келинҳо ва ё духтаронашон таъкид мекарданд, ки ба Сайёра таъом баранд.

Миёни ҳамсояҳо аз ҳама бештар ба хонаи Сайёра мулло Ҳикматулло маводи ғизоӣ меовард. Ғайр аз ин, гоҳе дар масҷид ба дигарон таъкид карда мегуфт: «Кадоме аз шумо дастатон мерасаду хайр кардан мехоҳед, ба Сайёра хайр кунед. Бечора ҳеҷ кас надорад, ҷое ҳам кор намекунад, рӯзгораш-вазнин. Шумо ба ӯ садақа диҳед, иншоолоҳ хайратон қабул мешавад…». Ана ҳамин тавр, мулло Ҳикматулло мардумро ба кӯмаки Сайёраву Фирӯза даъват мекард, ба қавле ҷони Сайёраву Фирӯзаро аз гуруснагӣ мехарид.

Ҳар вақте мулло ба хонаи Сайёра меомаду ӯро медид, ким-чӣ хел суханҳои сарбаста мегуфт. Масалан, ҳангоми овардани маводи ғизоӣ ба Сайёра чунин муроҷиат мекард: «Аз ман миннатдор нашав, духтарам, ин ризқи ҳалоли худатон ҳаст, ҳаққи ҳалоли худатон, гиред- гиред, шарм надоред, духтарам !». Ин гапҳоро мулло ба кадом хотир мегуфт, маълум набуд. Шояд   ин суханҳо барои рафъи хиҷолати Сайёра гуфта мешуданд. Ё, дар ҳақиқат, ин маводҳои ғизои ҳаққи ҳалоли Фирӯзаву Сайёра буданду аз ким куҷое махсус маблағ ба суроғаи мулло барои рӯзгузаронии Фирӯзаву Сайёра фиристода мешуд.

Сайёра дар бораи ин гуфтаҳои мулло хеле вақт андеша мекард, лекин аз онҳо чизеро фаҳмида наметавонист.

Ба ҳар ҳол ин суханҳои тасаллиятмонанди мулло хиҷолати Сайёраро фурӯ нишонда наметавонист. Ҳангоми омадани мулло Сайёра аз шарм намедонист чи тавр маводҳои ғизоиро қабул кунад. ӯ на танҳо ҳангоми аз дасти мулло гирифтани хӯрокаҳо ба чунин аҳвол гирифтор мешуд, балки вақте дигар ҳамсояҳо ҳам   барои ӯ хӯрду хӯрока меоварданд,   лаблабӯи тагиаловкардагӣ барин сурх шуда мемонд.

Рӯз аз рӯз мулло ба хонаи Сайёра бештар меомадгӣ шуд, лекин бесабаб не, бо мақсади бартараф кардани корҳои мушкили хонаи Сайёра, овардани маводи ғизоӣ ва хабар гирифтан аз ҳолу аҳволи онҳо. Барои ин кораш ба мулло кӣ дастуру супориш ва хоҳишу илтимос мекард, маълум набуд. Ё, эҳтимол, худи мулло чунин марди раҳмдилу меҳрубон асту бо хоҳиши худаш ба ин ду бечораҳол кӯмак мекунад. Ба ҳолу аҳволи Сайёраву Фирӯза раҳмаш меояду намехоҳад онҳо ранҷу машаққат кашанд: гурусна бимонанд, корҳои вазнинро иҷро кунанд ва барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба ҷустуҷӯи ҷойи кор бароянду ба дасти нохалафе афтанд.

Ин ғамхориҳо ва омаду рафти мулло Ҳикматулло каме ба дили Сайёраву Фирӯза қувват мебахшид. Чунки онҳо худро хеле нотавону танҳо меҳисобиданд ва ба чунин нафар, ба чунин такягоҳ ниёз доштанд. Бо вуҷуди ин, Сайёра ин тавр рӯшод омадани муллоро намехост. Вай меандешид, ки агар мулло ба хонаи ӯ тавре биояд, ки дар чашми ҳамсояҳо натобад, хеле беҳтар хоҳад буд. Мабодо аз омаду рафти мулло ҳамсояҳо бохабар монанду дар дилашон гумону шубҳаҳои бад пайдо шавад… Сайёра чанд маротиба хост ин фикрашро ба мулло гӯяд, вале ҷуръат накард…

Дар ҳақиқат, ин андешаи Сайёра дуруст буд. Чанде нагузашта баъзан занҳои ғайбатчиву туҳматгари деҳа омаду рафти муллоро ба хонаи Сайёра фаҳмида, ба ҳарзагӯӣ сар карданд. Онҳо лаби чашмаву канори кӯчаҳо ҷамъ шуда, дар ҳаққи Сайёраву мулло туҳмату буҳтонҳо мебофтанд. Дигар касе назди даҳони ҳамсояҳоро, ба хусус занҳои ғайбатчиву туҳматгари деҳаро пӯшонда наметавонист. Онҳо, ба қавле, бо ҳам «соз» гирифтани Сайёраву Ҳикматуллоро байнашон дар ҳар ҷо муҳокима мекарданд:

ДАВОМ ДОРАД...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД