Салом сомонаи розу ниёзи мардум – “Оила”. Ман яке аз обуначиёни саҳифаи шумо ҳастам ва ҳар як мактуберо, ки аз ҷониби хонандагони шумо ирсол мегардаду аз тарафи шахсони рӯзгордида ба онҳо маслиҳатҳои муфид дода мешавад, барои мо низ таъсири муфид мерасонад. Ман низ аз ҷумлаи нафроне ҳастам, ки ба маслиҳати шахсони рӯзгордида ниёз дорам.
Солҳои зиёд аст, ки бо як сабаб дар зиндагӣ азоби руҳӣ мекашам. Шояд аксарият ҷонибам санг занеду маломатам кунед, аммо...
Аз зиндагии муштарак соҳиби чор фарзанд: як писару се духтар ҳастем. Соли 2011 шавҳарам бо маслиҳати апаву акааш маро се талоқ кард. Дар миён чанд бор хоостанд мо аз нав якҷо шавем, аммо ман, ки медонистам зиндагӣ бо се талоқ ягон роҳи якҷо шуданро надорад, инро рад мекардам.
Аз миён се сол гузашт. Соли 2014 боз якҷо шудем. Аслан, дилам инро намехост, аммо ба хотири фарзандон худамро қурбони зиндагӣ кардам. Ҳамеша дар гӯшам садои се талоқ гуфтани шавҳарамро мешунавам. Аз соли 2020 бо ҳамдигар муносибати занушавҳарӣ надорем, ҳарчанд дар як хонаи иҷора бо фарзандон зиндагӣ мекунем.
Ба наздикӣ дар 10-ум бинои Беморхонаи “Қарияи Боло” бо ташхиси саратони бачадон ҷарроҳӣ шудам. Ҳар вақт ба беморие гирфтор шавам, ё ба ягон ҳодисаи нохуш рӯ ба рӯ шавам, сабаби ҳамаи онро дар зиндагӣ бо се талоқ меҳисобам. Мо мусулмонем ва бояд пок зиндагӣ кунем, зеро зиндагии имрӯзи мо имтиҳоне барои охират хаст. Чӣ маслиҳат медиҳед? Ба маслиҳати шумо сахт ниёз дорам.
М. Б.
ш. Норак