Sebiston new 2024 october
Ба марди дузду “алкаш” ҳаётамро хазон кунам?
2600

Ман Гулшан, аз шаҳри Ваҳдат ҳастам. Шаш сол пеш ба шавҳар баромада будам. Дар вақташ волидони шавҳарам ба хонаи мо хостгорӣ омада, дузду майзада будани писарашонро пинҳон карда буданд. Ман аз рӯзи аввали оиладоршавӣ эҳсос кардам, ки шавҳарам марди бадкирдор аст. Аз тӯямон 6 сол сипарӣ шуда, шавҳарам ҳар шаб ба хона маст меояду ҳамаро ҳақорат карда, ҷангу ҷанҷоли зиёд барпо мекунад. Субҳ боз ба кор рафта, бегоҳ бо пули кор кардааш май нӯшида, ба хона меояд. Ба ҳама кораш сабр мекунам, вале хавотир ҳастам, ки ин мард маро рӯзе мепартояд. Вақтҳои охир ба хона қариб, ки намеояд. Медонам, ки дӯстони кам дорад ва аз сабаби дасти қалб доштанаш рафиқонаш ӯро ба хонаҳояшон роҳ намедиҳанд. Чанд моҳ пеш ба хонаи як дӯсти наздикаш дар рӯзи равшан ба дуздӣ медарояд. Дӯсташ ӯро қапида, хотири хусуру хушдоманам, ки хеле одамони хуб ҳастанд, ба пулис хабар намедиҳад. Ҳайронам, ки бо марди дузду майзада то кай зиндагии ман чунин идома меёбад? Лутфан ба ман маслиҳат диҳед.
Гулшан

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД