Sebiston new 2024 october
БА МАДИНА БАСАЕВА ДАР МАРКАЗИ МАСКАВ КӢ ХОНА ХАРИД?
4571

 

Овоза

Салом “Оила”! Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки номаамро нодида нагиред ва ҳатман ба он ҷавоб гардонед. Ман ҳамагӣ то чанд рӯзи пеш мухлиси ашаддии Мадина Басаева будам. Аз оне ки як тан ҳамватани ман берун аз марзи Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунаду ба ҷавониаш нигоҳ накарда, нисфи ҷаҳон ӯро мешиносанд, ифтихор мекардаму меболидам ва дӯсташ медоштаму нисбаташ эҳтироми хосаро қоил будам, аммо... Як хабари шунидаам сахт такконам дод ва дилам аз Мадинаву эҷодиёти ӯ, ки дар “Instagram”-у “TikTok” пайгирӣ мекардам, якбора сард шуд. Як хешамон, ки дар Маскав чандин сол кору зиндагӣ мекунад, гуфт, ки Мадина ба хотири молу сарват бо як марди калонсоли сарватманд муносибат дорад ва он мард барои Мадина дар маркази шаҳри Маскав хонаи сеҳуҷрагӣ харидааст. Пас аз шунидани ин суханҳо ба Мадина нафрат пайдо кардам. Наход як духтари 21-сола барои пулу мол бо марди калонсол муносибат кунад? Мадина аз номи Тоҷикистон баромад накунад ҳам, зодаи шаҳри Душанбе буданаш кофист, ки обрӯи тоҷиконро ба як тини пучак баробар кунад. Медонам, ки гуфтаҳои ман ба гӯши Мадина намерасанд, вале ба ҳар ҳол аз минбари баланди “Оила” гуфтанӣ ҳастам: “Мадинаи азиз, ба хотири пулу мол номусатро нафурӯш. Сарвату дороиро ёфтан мумкин аст, аммо номусро на. Ман низ ҳамсоли туам, аммо дар фикри ман андешаи таҳсил кардану ба шавҳар баромадан ва бунёд кардани оилаи солим чарх мезанад, лекин ту ба корҳои паст машғулӣ. Ҷавониатро ҳайф накун”. Аз шумо-кормандони ҳафтаномаи “Оила” хоҳиш мекунам, ки ҳақиқати зиндагии пасипардагии Мадинаро ифшо кунед, то дилам ором бигирад.

Назокат Ибодова,

донишҷӯ, аз ш.Душанбе

Ҳақиқат

Назокати гиромӣ, шодем, ки хонандаи мо ҳастед ва барои равшанӣ андохтан ба мавзӯи мазкур боварӣ карда, ба мо муроҷиат намудед. Шояд шумо инро надонед, аммо қабл аз ҳама ёдовар шудан мехоҳем, ки Мадина Басаева, блогери 21-солаи руси тоҷиктабор дар як моҳ ба ҳисоби миёна 1 миллион рубли русӣ даромад дорад. Ӯ як қисми ин маблағро аз шабакаи “TikTok” ва қисми дигарашро аз ҳисоби таблиғи молу маҳсулотҳои гуногун ба даст меорад. Агар даромади Мадина дар як моҳ ба ҳисоби миёна 1 миллион рубл бошад, дар як сол ӯ 12 миллион рубл ва шояд зиёдтар аз ин (баробар ба 1 миллиону 797 ҳазору 600 сомонӣ) даромад дорад. Бо чунин даромади ҳангуфт Мадина на якто, балки чандин хонаро дар дилхоҳ ҷои Русия харидорӣ карда метавонад ва барои ин шарт нест, ки бо кадом як марди калонсол муносибат дошта бошад. Дар ҳақиқат чанд рӯз қабл Мадина дар шабакаи “Instagram”-аш хабар дод, ки барои худаш дар маркази шаҳри Маскав хонаи нав харидааст ва аз ин пас танҳо зиндагӣ мекунад. “Вақте инсон дар назди худ мақсад мегузораду барои ба он расидан талош мекунад, ҳатман ба мақсадаш мерасад. Ман, ки то имрӯз ҳамроҳи модару додар ва хоҳаронам дар як хона зиндагӣ мекардам, соҳиби манзили алоҳида шудам. Аз ин пас дур аз волидонам дар танҳоӣ зиндагӣ мекунам”,-гуфта буд Мадина. Хабари ба хотири пулу мол бо марди калонсол муносибат кардани Мадина овозае беш нест ва ӯ коре накардааст, ки обрӯи миллати тоҷикро паст зада бошад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД