35 years of independency
Ба легендаҳои футболи тоҷик хона тақдим карданд
08.09.2026
Oila.tj
113

Дар ҳошияи бозии таърихии дӯстонаи миёни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Русия, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, маросими қадрдонии чеҳраҳои шинохтаи футболи кишвар сурат гирифт.

Шарики генералии ин чорабинӣ - ширкати TAS International Group ба собиқ сармураббии тими миллии Тоҷикистон Петар Шегрт ва футболбози маъруфи тоҷик Дилшод Восиев хонаҳои истиқоматӣ тақдим намуд.

Тибқи иттилои созмондиҳандагон, ин иқдом ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, ҳамчун рамзи эътирофи саҳми бузурги ин ду шахсият дар рушди варзиши футбол дар кишвар амалӣ карда шудааст.

Ин чорабинӣ бори дигар нишон дод, ки ҳамкории бахши хусусӣ бо соҳаи варзиш метавонад заминаи хубе барои қадрдонии кадрҳои варзишӣ фароҳам орад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД