Самтҳои муҳоҷират торафт васеътар шуда истодаанд ва акнун аксари муҳоҷирон мехоҳанд ба Олмон, Англия, Туркия, Арабистон, Чин, Кореяи Ҷанубӣ ва дигар давлатҳои хориҷӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд, аммо шарти аз ҳама муҳимтарин дар ёфтани кори муносиб дар хориҷи кишвар донистани забон мебошад.
Муассисаи давлатии “Маркази касбомӯзии калонсолони Тоҷикистон” тамоми хоҳишмандон, махсусан шахсонеро, ки нияти ба Ҷумҳурии Корея ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан доранд, ба курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забони куриёӣ даъват мекунад. Давраи забономӯзӣ дар ин курсҳо аз 1 то 3 моҳ буда, баъди хатми курс ба хатмкунандагон шаҳодатномаи намунаи давлатӣ дода мешавад.
Талабот ба муттахассисони соҳаҳои гуногун дар бозори меҳнати Куриёӣ Ҷанубӣ торафт меафзояд. Пас шанси худро аз даст надода, ба курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забони куриёӣ дохил шавед ва роҳи худро ба Куриё боз намоед!