arzon replenishment
Ба хотири донишгоҳ бо падарам моҷаро кардаму...
1246


Салом! Ман-як ҷавони донишҷӯ мехоҳам мушкили ба сарам омадаро ба шумо нақл карда, маслиҳат бипурсам.

Мо дар яке аз ноҳияҳои тобеъи марказ зиндагӣ мекунем. Падарам мулло набошаад ҳам, розї набуданд, ки ман тањсиламро дар ягон мактаби олї идома дињам ва «пули зиёдатї надорам, ки барои саѓераат сарф кунам» гўён, бо модарам ҷангу ҷанҷол мекарданд.

 

Модари бечораам њарчанд мефањмонданд, ки дар ин замона одами бесавод хор мешавад, падарам «Ленин хонда чї шуд, ки саѓераи ту мешавад?» гуфта, якравӣ мекарданд. Аз рафтори падар љигархун бошам њам, ноумед нашуда, шабро шабу рўзро рўз нагуфта, китоб мехондам ва бо маслињати модарам пинњонї њуљљатњоямро ба донишгоњ супурдаму бо дониши худам дохил шудам. Мардуми дења ин хушхабарро шунида ба ман офарин хонданд, вале падарам ба љойи шод шудан, ману модарамро њаќоратборон карданд. Базўр худамро ба даст гирифта лаб газидам ва ба хотири падар буданаш ягон сухани нољо нагуфтам.
Хуллас, дарсњо оѓоз ёфтаанду ман барои хондан ба шањр омадам. Азбаски дар оила ман писари ягона њастам, њар њафта ба дења рафта дар корњои рўзгор ба падарам ёрї мерасондам, то нагўянд, ки бо бањонаи хондан эркатулфор шуда, дастамро ба оби хунук намезанам. Заминњои калони боѓ дорем ва ана њамин боѓзор маро бо падарам душман кард. Ҳафтаи гузашта падарам «њой саѓера, як њафта ба дарс наравї, осмон ба замин намеафтад» гўён маро ба зўрї аз роњ гардондан хостанд. Медонистам, ки агар як њафта дар дења монда аз паси боѓу току гову мол давам, яќин аз дарс ќафо монда, имтиҳонҳоро супорида наметавонам ва маро аз донишгоҳ хориљ мекунанд. Аз ҳамин сабаб бо нармӣ ба падарам гуфтам, ки боќимондаи корњоро рўзи истироњати њафтаи дигар мекунам. Падарам аз ин ҷавобиман ба ғазаб омада, борони дашному њаќоратро ба сарам рехт ва чанд мушту лагад њам зад. Қаҳрам омад ва худамро дошта натавониста дод зад гуфтам: «Аз њамин дења њам безор шудаму аз кору бораш њам, мемонед, ки хонда ба ќатори одамон дароям ё не?!»
Падарам «Оќибати бачаи эркаатро дидї?! Ба њамааш ту гунањкорї» гӯён, ба сари модарам давида бечораро чунон берањмона зад, ки дањону биниаш пур аз хун шуд. Модарамро халос карданӣ шуда, ба падарам часпидам. Дар кашмакаши халоскунӣ падарам мувозинаташро гум карда афтид. Дарҳол ҳушам ба сарам зада, он касро аз заимн бардоштам, вале падарам сахт ба ғазаб омада, маро аз хона пеш кард ва “Аз ту барин сағера безорам” гӯён, таъкид кард, ки дигар поямро ба остонаи дараш намонам.
Як ҳафта мешавад, ки дар шаҳр зору ҳайрон мегардам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?
С., донишҷӯ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД