Formula novemver 2024
Ба Хоруғ парвоз кардан мехоҳед?
584

 

Парвози тайёраҳо ба Бадахшони кӯҳӣ баъди интизориҳои тӯлонӣ дубора барқарор гашт. Имрӯз, 28 феврал мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар саҳифаи расмии худ дар Фейсбук 3 акс нашр кардаанд, ки аз парвози нахустин тайёра ба Бадахшон пас аз чандин сол гувоҳӣ медиҳад. 

Дар маросими қабули тайёраи нахустин ба Бадахшон дар фурудгоҳи Хоруғ раиси вилоят Алишер Мирзонабот, мири шаҳри  Хоруғ Ризо Назарзода ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд. Раиси вилоят зимни суханронии худ таъкид кардааст, ки парвози ҳавопаймоҳо байни Душанбе ва Хоруғ бо дастури Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон барқарор карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки нахустин парвози санҷишӣ ба шаҳри Хоруғ тавассути ҳавопаймои L410NG сурат гирифтааст. Ҳавопаймои мазкур истеҳсоли ширкати чехии LET Aircraft Industries мебошад ва дирӯз маросими расмии муаррифии ин тайёра дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе сурат гирифта буд. Ҳавопаймои L410NG  ҳамагӣ 19 ҷойи нишаст дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД