Бо Самариддин аз кӯдакӣ рафиқони ҷонӣ ҳастем. Якҷоя мактабро хатм кардем ва якҷоя ба донишгоҳ дохил шудем. Ҳоло ман ӯро мисли бародар эҳтиром менамоям, зеро аз давраҳои мактабӣ бо ман рафиқ буд. Ёдам ҳаст, ки боре ҳамсинфонам аз номи ӯ ба ман ҳар гуна гапҳоро расониданд, ки ӯ гӯё маро ҳақорат карда, гапҳои қабеҳ гуфта бошад.
Мани зудбовар низ ба назди ӯ рафта, хархаша кардам ва мушткӯбӣ кардем. Ҳамин охирон ҷанги мо буд. Ҳоло ман бояд хонадор шавам. Чун дӯстамро беҳтар аз ҳама мешиносам ва оилаашро низ мисли оилаи худ медонам, мехоҳам ба хонаи онҳо хостгор фиристам.
Пештар ҳангоми ба хонаи дӯстам рафтан, ба хоҳари ӯ аҳамият намедодам, зеро духтарчаи хурд буд. Беҳуда намегуфтаанд, ки “духтар тухми шайтон асту зуд калон мешавад”. Хоҳари дӯстам низ зуд калон шуд ва имсол чанд бор ба хонаи онҳо рафта, бо дидани ҳусну ҷамолаш моту мабҳут шудам. Акнун ният дорам, ки ба хонаи онҳо хостгор фиристам, вале метарсам, ки мабодо риштаи дӯстии мо канда нашавад, агар онҳо розӣ нашаванд, шояд ба ман сахт расад. Баъдан ман дигар ба рӯйи дӯстам чӣ гуна нигоҳ мекунам. Аз он ҳарос дорам, ки дӯстам аз ман чунин суол кунад:
-Ту ба хонаи мо барои тамошои хоҳарам меомадӣ!?
М., аз ш.Ҳисор