...Тӯйи мо хеле боҳашамат гузашт, хусурам ҳофизони машҳури ҳамон даврро даъват намуду бо шукӯҳи зиёд зиндагиямон оғоз шуд. Ҳамсарам корманди ҳифзи ҳуқуқ буд, тамоми хешовандон ва ду хоҳараш ҳамеша нобаробарии ҳусну қаду қомати моро мегуфтанд. Аз субҳ то шом дар хонадони сермеҳмони шавҳарам меҷунбидам, пайи ҳам тавлид шудани фарзандон, ин ҳама ба чашми касе наменамуд. Хушдоманам худаш маро хуш карда бошад ҳам, сари гапу поёни гап “бачаи хушрӯям ҳайф шудааст” гуфта, ҷонамро ба лаб меовард...
Ба хоҳарам ошиқ шудаму...
...Вақте аз дари ҳавлияшон даромадем, модараш ба истиқболамон баромаду бо дидани ман “воҳ” гӯён, беҳуш шуда, ба замин афтид. Дарҳол давидем, модарро ба ҳуш овардему сабаби чунин изтиробашро пурсон шудем. Модар ашк мерехту “Хусрави ман, писарам, ту ҷигарбанди ман астӣ” мегуфт. Бо вуҷуди он ки замони аз модар ҷудо шуданам дусола будам, модар маро шинохта буд ва ҳатто барои исботи гуфтаҳояш илова намуд, ки ман дар байни шонаҳоям холи калон дорам ва танҳо баъди ҳамин, ман мутмаин гаштам, ки модари Дилбар модари ман низ ҳаст...
Чаро Нигина Амонқулова душмани Беҳрӯз Зеваров шуд?
...-Замоне продюсери Ҷонибек Муродов будед, як муддат бо Нигина Амонқулова низ кор кардаед... Ҳолатҳои пур аз моҷаро ё ҳамдигарнофаҳмӣ буданд?
-Чунин ҳолатҳо зиёданд. Масалан, соли 2013 якчанд қувваҳои беруна буданд, ки ба муносибатҳои ману Нигина Амонқулова таъсир расонида буданд. Аз оғози клипи “Маро муҳаббати ту кушт” то барпо кардани консерти яккаи ӯ дар “Кохи Борбад”, дӯстони наздики худам миёни ману Нигина Амонқулова даромада, муносибатҳои моро вайрон карда буданд...
Аз хурдӣ хориву зорӣ дидам...
...Як рӯз либосҳоямро иваз карда, куртаи дигар пӯшидам, бехабар аз он ки дар дохили курта каждум аст. Он каждум маро чунон газид, ки дод зада, ба хона даромадам ва куртаро бадар карда, онро куштам. Писарам яксола буд, ки рӯзе ҳашароти номаълуме аз пояш газид. Зимистони соли 2012 низ ҳомиладор будам. Вуҷудамро дарди ҷонкоҳе фаро гирифта буд, аммо ба беморхона рафта наметавонистам, чун ягон мошин дар он ҳавои сарду замини лой ба хонаи мо омада наметавонист. Оби зиёд хориҷ шуд, кӯдак дар хушкӣ монд...
Ошиқонро моҳи декабр чӣ интизор аст?
...Зодагони мучали ҳамал дар ҷодаи муҳаббат муваффақ мешаванд. Нафарони оиладор бояд бо ҳамсафари ҳаётии худ наздиктар бошанд, аз ҳолу аҳволаш бохабар шаванд. Танҳо дар ҳамин сурат зиндагиятон хушу хурсандона сипарӣ мегардад. Нафарони муҷаррад бо осонӣ дил меёбанду ошиқ мешаванд...
Шарҳи пурраи ин ва дигар қиссаву хабарҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи 47-уми ҳафтаномаи “Оила”, ки санаи 2-юми декабри соли равон ба фурӯш баромад, мутолиа намоед. Шумораи тозанашри ҳафтаномаро аз дӯконҳои шаҳру ноҳияҳо дастрас карда метавонед.
Духтар мезоед ё писар?
Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи «Оила» бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба «Оила» занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ:
238-52-52
«Маро танҳо нагузор»
Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм пайдо кунед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед? Умри инсон хеле кӯтоҳ аст, онро дар танҳоиву ноумедӣ нагузаронед. Шитобед, бахти худро пайдо намоед. Маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Рӯзҳои қабул: чоршанбе (аз соати 9.00 то 12.00) ва ҷумъа (аз соати 14.00 то 17.00). Суроға: хиёбони Саъдӣ Шерозӣ 16, бинои «Шарқи озод», ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи «Оила». Ёдовар мешавем, ки соли гузашта бо воситаи маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» беш аз 200 нафар оила барпо карданд ва хушбахтанд.
Оила ва Ислом
Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.
СМС-ҳои ошиқона
Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон «Оила» рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!