Sebiston new 2024 october
Ба кӯдакон ҳам пул медиҳанд?
591

Оилаҳои камбизоат ҳамеша дар зери ҳимояи давлат қарор дошта, ҳамасола ба онҳо кӯмакҳои иҷтимоӣ расонида мешавад. Дар соли 2024 ҳаҷми кӯмакпулиҳо барои хонаводаҳои камбизоат боз ҳам зиёдтар карда мешавад.

Тавре ки вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода гуфтааст, қарори ҳукумат дар бораи зиёд кардани ҳаҷми кӯмакҳои иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат аллакай қабул шуда, зиёдшавии мизони кӯмакҳо то соли 2025 идома меёбад.

Қаблан кӯмаки иҷтимоӣ ба ҳар як хонавода дода мешуд, вале акнун оилаҳои камбизоат барои фарзандонашон низ кӯмакпулии алоҳида мегиранд.

Кӯмакпулӣ ба кӯдакон ва наврасони то 16-сола аз оилаҳои камбизоат дода шуда, ҳаҷми он сол то сол зиёд карда мешавад. Оилаҳои камбизоат метавонанд танҳо барои 3 фарзанди то 16-солаи худ кӯмакпулӣ бигиранд.
Қобили ёдоварист, ки оилаҳои камбизоат аз давлат ба миқдори 544 сомонӣ кӯмакпулӣ мегирифтанд, аммо бо қарори ҳукумат ҳаҷми кӯмакпулиҳо зиёд карда шуда, то охири сол маблағи кӯмакпулӣ ба 612 сомонӣ расонида мешавад.

Дар соли 2024 ҳаҷми кӯмакпулӣ боз ҳам бештар шуда, ба 680 сомонӣ мерасад. Дар соли 2025 бошад, оилаҳои камбизоат ба маблағи 748 сомонӣ кӯмакпулӣ хоҳанд гирифт.

Ба ҳар як фарзанди оилаи камбизоат (аз як оила на бештар аз 3 кӯдак кӯмакпулӣ гирифта метавонанд) имсол 17 сомонӣ, соли 2024 бошад, 68 сомонӣ кӯмакпулӣ медиҳанд. Дар соли 2025 маблағи кӯмакпулӣ барои кӯдакон ба 136 сомонӣ мерасад.

Тавре ки Соима Муҳаббатова, сардори Шуъбаи таҳлили сиёсати ҳифзи иҷтимоӣ дар Вазорати тандурустӣба “Радиои Озодӣ” гуфтааст:
“Кӯмакҳои иҷтимоӣ ба оилаҳое дода мешавад, ки барои камбизоат буданашон санад пешниҳод карда, дар барномаи АСИСТ сабт шудаанд.”
Кӯмакпулӣ танҳо барои як сол муайян шудааст. Соли оянда барои гирифтани чунин санад шаҳрванд боз дубора ариза пешниҳод кунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД